Пограничный пункт, архивное фото

Дар марзи Узбакистону Қазоқистон маркази тиҷории байналмиллалӣ бунёд меградад

181
(Таҷдидшуда 02:10 09.10.2019)
Узбакистон ва Қазоқистон барои тавсеаи хадамоти пуштибонӣ ва таомулоти марзӣ, аз эҷоди маркази тиҷории байналмиллалӣ дар марзи ду кишвар хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Кайрат Турабоев муовини вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон рӯзи шанбе дар Тошканд пойтахти Узбакистон гуфт, ду кишвар тавофуқ кардаанд, то марказҳои тиҷории байналмиллалии ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ дар марзи байни Узбакистон ва Қазоқистон эҷод шавад, иттилоъ одааст хабаргузории Parstoday.

Турабоев бидуни ишора ба замони оғози иҷрои ин тарҳ афзуд, барои истиқрори ин марокизи тиҷории байналмиллалӣ 5 маҳал шиносоӣ шудааст.

Вай гуфт, истиқрори ин марказҳои тиҷорӣ муҷиби тавсеаи гардишгарии байналмиллалӣ, беҳбуди хадамоти пуштибонӣ ва барқарории тиҷорати марзӣ хоҳад шуд.

Муовини вазири тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон таъкид кард, дар марҳилаи оғозини иҷрои ин тарҳ 10 ҳазор шуғл ва дар марҳилаи баҳрабардорӣ аз ин марказ 40 ҳазор фурсати шуғлӣ эҷод хоҳад шуд.

Қазоқистон яке аз бузургтарин ҳамкорони бозаргонии Узбакистон ба ҳисоб меояд ва ҳаҷми мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар 10 моҳи гузашта аз ду миллиард доллар фаротар рафтааст.

181
Барчаспҳо:
тиҷорат, марказ, марз, Қазоқистон, Узбакистон

Толибон пешниҳоди оташбаси давлати Афғонистонро рад кард

205
(Таҷдидшуда 02:02 18.09.2020)
Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар дархости давлати Афғонистонро барои барқарории оташбас рад кард

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммаднаим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон гуфт, ки ин маъқул нест, ки ҷанги бистсоларо дар як соат ба поён бирасонем.

“Ба назари мо, бояд иллати ин ҷанг мавриди баҳс қарор гирад ва сипас оташбаси ниҳоӣ барқарор шавад”, - таъкид дошт Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон.

 Муҳаммаднаим Вардак дар Қатар зимни таъкид бар ҳалли ихтилофот бо давлати Афғонистон афзуд:Толибон хостори барқарории ҳукумати исломӣ дар кишвар аст.

 Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, сухангӯи ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо ҳайати гурӯҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дар панҷумин рӯзи ин музокирот дар Давҳаи Қатар гуфт,ки дастури кори музокирот дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва ду ҳайат дар бештари мавридҳо тавофуқ доранд.

 Нодирӣ гуфт, ки музокироти Давҳа то расидан ба натиҷаи матлуб идома дорад.

 Давлати Афғонистон ва Толибон қарор аст дар ин музокирот дар бораи барқарории оташбас, низоми сиёсии ояндаи Афғонистон, тақсими қудрат ва шеваи  пайвастани Толибон ба нируҳои амниятии ин кишвар музокира кунанд.

205
Барчаспҳо:
дархост, Қатар, оташбас, Толибон, Афғонистон
Экс-президент президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото

Отамбоев 64 - сола шуд: ҳамсару ҷонибдоронаш ба муборакбодии ӯ рафтанд - навор

596
(Таҷдидшуда 14:40 17.09.2020)
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев соли дуюм солрӯзашро дар зиндон қайд мекунад. Ҳамсару пайвандон ва ҷонибдорони ӯ ҳарчанд ба муборакбодияш рафтанд, аммо ба ягон нафаре аз онҳо иҷозати мулоқот намудан ба Отамбоевро надоданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиса Отамбоева ҳамроҳ бо ҷонибдорони ҳамсараш - собиқ кишвардори Қирғизистон Алмосбек Отамбоев назди бинои КДАМ омаданд, то ӯро бо солрӯзаш табрик намоянд.

Отамбоев имрӯз 64 - сола шуд ва аллакай соли дуюм аст, ки мавлуди худро на дар ҳалқаи пайвандон, балки пушти панҷара қайд мекунад.

Ба изҳори Қундуз Жолдубоев собиқ мушовири Отамбоев, ба хонаводаи ӯ иҷозати мулоқот ва вохӯрӣ намуданро фароҳат наоварданд.

Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

"Ҳамсари Отамбоев хост ба ҳайси ҳадя ба ӯ китоб ва хӯроки идона диҳад, вале ба ӯ имкон надоданд, то бевосита ҳамроҳи шавҳари худ вохӯрӣ кунад", - афзудааст Жолдубоев.

Аз ин рӯ, ҷонибдорони собиқ кишвардор дар назди бинои КДАМ бо овезаҳо Алмосбек Отамбоевро дастаҷамъона табрик намуданд.

Ёдовар мешавем, Отамбоев ҳанӯз соли 2019 пас аз задухӯрди шадиди низомиёни давлатӣ ва ҷонибдорони ӯ боздошт шуд.

Отамбоев барои мусоидат кардан дар парвандаи Азиз Батукаев ва ба озодӣ баромадани ӯ, ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Гузашта аз ин, собиқ президентро дар ошӯби Кой - Тош низ муттаҳам медонанд.

596
Барчаспҳо:
рӯзи мавлуд, Алмосбек Отамбоев
Пограничный пункт, архивное фото

Сесад муҳоҷири дигари тоҷик аз Қазоқистон баргардонида шуданд

0
Як гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тоҷикистон 300 шаҳрванди дигарашро аз Қазоқистон баргардонид, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии муҳоҷирот дар Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, Тоҷикистон ба бозгашти наздик ба 300 шаҳрвандаш, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд. 

"Як гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек-Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд", - менависад манбаъ.

Бозгашти муҳоҷирон бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифтааст.

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистон сар кард

Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти наздик ба 2500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст.

Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

0