Дар Самарқанд аз истеъмоли "хот-дог" ва "шаурма" 26 нафар заҳролуд шуданд

169
(Таҷдидшуда 13:41 09.10.2019)
Ҳамаи 26 нафар дар нуқтаи хӯроки тезтайёри "Бахтиёр" воқеъ дар бозори Сиёби Самарқанд заҳролуд шуданд

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Дар Узбакистон боз як ҳодисаи дигари заҳролудшавии оммавӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, ин навбат 26 нафар дар Самарқанд пас аз истеъмоли хӯроки тезтайёр заҳролуд шуданд.

"Зӯҳри 7 октябр ба Беморхонаи сироятӣ 26 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ муроҷиат намуданд, ки ҳамаи онҳоро бистарии беморхона намуданд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Тафтишоти пешакии Агентии санитарӣ - эпидемиологии Узбакистон муайян намудаст, ки сокинони заҳролудшуда аз нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр хот- дог ва шаурма истеъмол намуданд, ки дар натиҷа заҳролуд гардиданд.

Дар Узбакистон 11 кӯдакро пас аз заҳролудшавӣ дар боғча ба бемористон интиқол доданд

Ба кормандони ин ниҳод муяссар нашуд, то фаъолияти нуқтаи тезтайёрро мавриди санҷиш қарор диҳанд, зеро дари он аллакай ба сӯи муштариён баста аст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки бо сабаби он ки вақтҳои охир дар Узбакистон ҳодисаҳои  заҳролудшавии шаҳрвандон зуд - зуд ба амал меояд, аз ин рӯ таҳқиқи ин ҳодисаҳоро Вазорати тандурустии Узбакистон бевосита ба зиммаи худ гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 6 июни соли равон наздики 40 нафар пас аз истеъмоли хӯрок дар Oqtepa Lavash  бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.

169
Барчаспҳо:
заҳролудшавӣ, Узбакистон