Лопата, архивное фото

Сокинони Фарғона аз замин бомби 150 -килоӣ ёфтанд

276
(Таҷдидшуда 09:41 13.10.2019)
Вазни бомб 150 кило буда дарозиаш наздики як метр мебошад. Ин бозёфти хатарнокро сокинони маҳаллаи "Турк" ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар яке аз боғҳои ноҳияи Кувини вилояти Фарғона бомби авиатсионӣ ёфт шудааст, хабар медиҳад рӯзномаи МВД "На посту".

Чуноне муайян шудааст, вазни бомб 150 кило буда дарозиаш наздики як метр мебошад. Ин бозёфти хатарнокро сокинони маҳаллаи "Турк" ҳангоми корҳои саҳроӣ ёфтаанд. Аз рупуши зангзадаи бомб маълум шудааст, ки он солҳои дароз дар замин хоб аст.

Пас аз огоҳ шудани мақомот аз бозёфти хатарнок, кормандони дахлдор онро ба наздиктарин қисми низомӣ бурдаанд, ки он ҷо омӯхта хоҳад шуд.

Манбаъ афзуда, ки хушбахтона дар паи ин ҳодиса касе зарар надидааст.

276
Барчаспҳо:
Фарғона, бомб, бомба