Сокол-балобан, архивное фото

Шоҳзодаи Дубай барои шикори дуғдоғ ба Узбакистон рафт - акс

301
(Таҷдидшуда 18:59 17.10.2019)
Шоҳзодаи Дубай шайх Ҳамдан бин Муҳаммад ал-Мактум, барои шикор бо шоҳин, ба вилояти Навоии Узбакистон рафт

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Шоҳзодаи Дубай шайх Ҳамдан бин Муҳаммад ал-Мактум барои шикор ба Узбакистон омад.

Чуноне меҳмон дар саҳифааш дар Instagram хабар медиҳад, ӯ дар шикори дуғдоғи зебо бо шоҳин ширкат кардааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

from @faz3 : #uzbekistan 🦅 #hhshkhamdan #hamdan#crownprinceofdubai #fazza#f3#faz3#almaktoum#mrm#dubai#mydubai#2019#falconry

Публикация от almaktoum4fans (@almaktoum4fans)

Маросими шикори дуғдоғ аз тарафи ҳайати шайхҳои араб бо раҳбарии шоҳзода, дар вилояти Навоӣ ташкил шудааст. 

Қайд мешавад, ки 50 километр дуртар аз шаҳри Навоӣ маркази нигоҳдории ин навъи паранда ҷойгир шудааст.

Шикори нодир: шайхҳои араб ҳамроҳи раисони вилоятҳо 276 парандаро хоҳанд кушт

"Ин мамнӯъгоҳ бо ибтикори амири Дубай Муҳаммад ибни Рашид ал Мактум соли 2008 бунёд шудааст".

Дар тӯли ин солҳо кормандони ин марказ беш аз 10 ҳазор дуғдоғро ба табиат сар додаанд.

Мавсими шикори дуғдоғ дар Узбакистон моҳҳои сентябр - октябр мебошад.

Ҳаққи шикори Марко Поло - 80 000 сомонӣ, бузи сибирӣ – 45 000 ва нахчир – 5 000 сомонӣ

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон дуғдоғ ба рӯйхати ҳайвоноти нодир шомил буда ба китоби сурхи кишвар дохил карда шудааст.

Дар умум дар Тоҷикистон шикори 43 намуд аз оилаи паррандаҳо, аз қабили лаклаки   сафед, лаклаки сиёҳ,  ғози ҳиндӣ,  каргаси сиёҳ, каргаси ҳимолоӣ,   уқоби морхӯр,  уқоби лошахӯр, шоҳин, тазарв, тазарви тоҷикӣ,  зарафшонӣ, туркистонӣ, дуғдоғ ва ҷек мамнуъ буда, онҳо ба китоби сурх шомиланд.

301
Барчаспҳо:
шикор, Узбакистон, Дубай