Заседание Высшего евразийского экономического совета (ВЕЭС) в широком составе в Ереване

Ҷомеаи рақамӣ: оғози ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Маскав

60
(Таҷдидшуда 15:05 25.10.2019)
Таваҷҷуҳи асосӣ ба баррасии Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок доир ба татбиқи он, инчунин Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ равона хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз шуд.

Имрӯз сарони ҳукуматҳо дар ҳайати маҳдуд доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин нишаст сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.

Дар ҷаласаи васеъ таваҷҷуҳи асосӣ ба баррасии Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок доир ба татбиқи он, инчунин Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ равона хоҳад шуд.

Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи ШСҲ санадҳои танзимкунандаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи стандартизатсия, байторӣ, танзими антимонополӣ, рушди радионавигатсия, барқароркунии қаламрави кишварҳо, ки аз истихроҷи уран зарар дидаанд, баргузории Бозиҳои кишварҳои ИДМ ва ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расонида хоҳанд шуд.

Чун анъана, як қатор ҳуҷҷатҳои барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳодгардида ба масъалаҳои дастгирии молиявии фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марбутанд.

Дар умум дар ин нишаст 19 масъала баррасӣ мешавад.

 

Тоҷикистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистоон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистонро нахуствазирон, Аранистон ва Туркманистонро ноибони сарвазир ва Молдоваро вазири иқтисод намояндагӣ мекунад.

60
Барчаспҳо:
ҷаласа, нишаст, Маскав, ИДМ