Дар марз, акс аз бойгонӣ

Протокол имзо шуд: Тоҷикистону Узбакистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

422
(Таҷдидшуда 13:52 29.10.2019)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, гуфтушунид бо мақомоти кишвари ҳамсоя дар масоили марзӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. ВУХ Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, мулоқоти навбатӣ бо ҳайати Узбакистон дар масоили аломатгузории марз рӯзҳои 24 – 27 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

"Зимни гуфтушунид лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ ва техникии аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистон мувофиқа шуда, ҳамчунин барномаи мулоқотҳо дар масоили марз барои соли 2020-ум ба тасвиб расид", - омадааст дар иттилоия.

Созиш шудааст, ки лоиҳаҳо барои тасвиб ба Комиссияи муштарак оид ба аломатгузории марз пешниҳод хоҳанд шуд.

Ноамнӣ дар марз: ин навбат сокинони қирғиз бо низомиёни узбак вориди даргирӣ шуданд

Дар пайи гуфтушунид Азизмамад Каримзода, ноиби раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Тулқин Абдуллоев, ноиби раиси Кумитаи давлатии захоири замин, геодезия ва картографияи Узбакистон суратҷаласаи мулоқотро имзо кардааст.

Марзи Туркманистон ҳамоно барои мошинҳои Тоҷикистон баста аст

ВУХ Тоҷикистон фазои дӯстии ин мулоқотро махсусан таъкид карда, афзудааст, ки нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки аломатгузории марз дар қаламрави Узбакистон баргузор хоҳад шуд.

422
Барчаспҳо:
қарордоди марзӣ, марзӣ, имзо, Узбакистон, Тоҷикистон, протоколи марзӣ
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

216
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

216
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Такси, архивное фото

Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

3989
(Таҷдидшуда 11:47 30.05.2020)
Ба телефони ҳамроҳи ронандаи таксӣ дар Маскав номаҳои ҳаргуна меомаданд, аввал ӯ фикр кард, ки касе ӯро аҳмақ мекунад

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ронандаи таксӣ дар Маскав Дмитрий Филин тоҷикдухтари 24-соларо аз дасти таҷовузгарон наҷот дод, нақл мекунад нашриёти "Метро".

Бомдод барои ронандаи таксӣ чун ҳамешагӣ бо қабули фармоиш оғоз шуд. Ӯ соати 4-и саҳар фармоиш гирифту ба ҷои муқарраршуда ҳаракат кард.

Ронанда даррав безобита шуд, чун дар баробари фармоиш ба ӯ номаҳои зиёде мемомад, вале ҳатто дар сурати холӣ будани роҳҳо Дмитрий дар навбати аввал таваҷҷӯҳи худро ба роҳ банд мекунад.

"Ин духтар аз ман ёрӣ мехост, дар аввал ман нафаҳмидам ӯ чӣ мехоҳад. Баъд ӯ пурсид, оё ман номаҳоро мехонам ё не. Баъд навишт: "Маро дар ин ҷо ба зӯрӣ нигоҳ медоранд ба ҳамин суроға милисаҳоро ҷеғ занед". Ман худам пас аз 5 дақиқа аллакай дар ҷои ҳодиса шудам", - нақл мекунад Дмитрий.

Мувофиқи суроғаи таъкидшуда ронанда ба истгоҳи мошинҳои зери маркази савдо дар Троитск расид, вале духтарро он ҷо наёфт ва боз ба чат таваҷҷӯҳ кард, то суроғаро санҷад.

"Ман суроғаро намедонам, намедонам дар куҷоям, илтимос ба милисаҳо занг занед", - навишта буд ӯ. Мумкин ӯ дар ҷое худро пинҳон карда буд, чун бисёр зуд ба номаҳо ҷавоб менавишт. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар суроғаи ту фақат мағозае аён аст. Пасон ӯ дар бораи кадом муҳоҷирону вагонҳову сохтмонҳо нақл кард. Ӯ боз ба ман навишт - "Ман тоҷикам". Вақте ӯ гуфт "Маро таҷовуз мекунанд", - фаҳмидам кӣ кор ҷиддист.

Дмитрий ҳамон лаҳза ба мақомоти пулис муроиҷат кард ва ҳамаи номаҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт, вале пас аз чанде номаҳо дастнорас шуданду фақат доду войи духтар шунида мешуд. Мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.

Баъди як соат милисаҳо ба ронанда занг зада гуфтаанд, ки гунаҳкорон дастгир шуданду духтар наҷот ёфт. 

"Ман ба эҳсосот дода нашудам. Коре кардам, ки ҳар кас ҳам дар ҷоям мебуд, анҷом медод. Ва вақте, ки ба ман гуфтанд духтар дар амон аст, ман ба корам идома додам", - гуфт Дмитрий.

Дар ширкате, ки Дмитрий Филин кор мекунад, гуфтанд "чунин ронандаҳо қаҳрамонанд" ва ваъда доданд, ки ба ӯ мукофот хоҳанд дод.

3989
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, таҷовуз, наҷотдиҳӣ, Маскав
Дӯкони гӯштфурӯшӣ, акс аз бойгонӣ

Азми "Мармарӣ" барои таъмини фаровонӣ дар бозори гӯшти мурғу гов

0
(Таҷдидшуда 15:34 31.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки қаблан болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот рабт дод, ахиран зимни сафараш ба Хатлон барои рушди чорводорӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дастур дод

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон гуфт, соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ афзуд, ки фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.

"Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дод, ки барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд

0
Барчаспҳо:
гӯшт, Тоҷикистон