Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото

Генерал Ятимов бо ҳамтои қирғизаш дар Исфара масъалаи марзро баррасӣ кард

186
Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат  буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зухуроти терроризм, сепаратизмро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайатҳои васеи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо ширкати намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони ду давлат  баргузор гардид.

Бино ба гузориши расонаҳои расмии Тоҷикистон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Орозбек Опумбаев  роҳбарӣ карданд.

Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат  буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зухуроти терроризм, сепаратизм ва экстремизм, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористиро баррасӣ кардаанд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо доир ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар таъмини амният дар сарҳади ду давлат ва муборизаи муштарак бо фаъолияти зараровари ташкилотҳои байналмилалии динӣ-экстремистӣ ва террористӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии мамнӯъ дар қаламрави ҳарду давлат ба мувофиқа омадаанд.

"Тасмим шудааст, ки  барои кори самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо ба мувофиқаи мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ расидаанд.

186
Барчаспҳо:
баррасӣ, масъала, марз, Исфара, Саймумин Ятимов
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (74)