акс аз бойгонӣ

Кушта шудани 109 хабарнигор дар Афғонистон

104
(Таҷдидшуда 22:45 02.11.2019)
Аз 109 хабарнигори кушта шуда 94 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон буда, ҳамзамон аз ин шумораи қурбониён 15 тан занон буданд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кард, дар ду даҳсолаи ахир 109 хабарнигор дар ин кишвар бар асари ҷанг, даргирӣ ва таркишҳои террористӣ кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, аз 109 рӯзноманигори кушта шуда 94 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон буда, боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии қурбониён 15 нафарро занон  ташкил доданд.

Гузоришгарон мегӯяд, ки  гуруҳи Толибон, ҷангиёни ДОИШ ва инчунин  нерӯҳои хориҷӣ омили аслии кушта шудани хабарнигорон дар Афғонистон ҳастанд.

Куштори ду журналисти шабакаи WDBJ аснои пахши мустақим

Зикр  мегардад, ки Афғонистон ҳамоно яке аз кишвраҳои хатарнок барои хабарнигорон боқӣ мемонад.

104
Барчаспҳо:
кушта, хабарнигор, Афғонистон
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

89
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

89
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин
Колючая проволока, архивное фото

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

162
(Таҷдидшуда 03:03 07.08.2020)
Як нерӯи марзбонии артиши Покистон дар даргирӣ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, террористҳо аз дохили хоки Афғонистон мавозеи нерӯҳои покистониро дар он сӯи марз ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон нерӯҳои марзии Афғонистон низ ба сӯи нерӯҳои покистонӣ, тирандозӣ  карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин тирандозӣ ду нерӯи марзбонии дигари Покистон ҳам захмӣ шуданд.

Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон ҳам дар баёнияе зимн маҳкӯм кардани ҳамалот ба нерӯҳои ин кишвар дар марзи муштарак бо Афғонистон, ҳушдор дод, ки ин вазъият созу кори дуҷониба барои ҳамкориро таҳти таъсир қарор ме‌диҳад.

Покистон ва Афғонистон бар сари масоиле, аз ҷумла хати фарзии "Дюран" ва эҷоди таъсисоти марзӣ ихтилоф доранд ва ҳамчунин якдигарро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам ме‌кунанд.

162
Барчаспҳо:
ноороми, даргирӣ, марз, Покистон, Афғонистон

Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:06 07.08.2020)
Рӯзи ҳаштуми август Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон буда дар Чин – Рӯзи падар ва дар Бутан –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 8 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Вашингтон аввалин конгресси миллии Ку-Клукс-Клана оғоз гардида буд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардид.

Соли 1927 дар Фаронса эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.

Соли 1932 Иттиҳоди Шӯравӣ истифодаи меҳнати занонро дар конҳо иҷозат дод.

Соли 1937 тасарруфи Пекин аз ҷониби Ҷопон.

Соли 1949 дар шаҳри Страсбурги Фаронса аввалин ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор гардид.

Соли 1959  дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Соли 1967 баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мақбараи Султон Увайси Қаранӣ баъд аз тармим кушода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011 бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президент  Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» — ро мавриди баҳрабардорӣ   қарор доданд.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷашнҳои рӯзи 8 август

  • Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.
  • Дар Чин – Рӯзи падар.
  • Дар Бутан –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 8 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ғаюр Ашўров (1960) – доктори илми тиб, профессор.

Надежда Бутовская (1890- 1977)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Абдумаҷид Воҳидов (1942) – доктори илми тиб, профессор.

Григорий Масич (1925) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммад Шодӣ (1959)- шоир, нависанда.

Раҷаб Насим (1935) – нависанда.

Камолиддин Нодиров (1957)- рассом.

Ҳамид Обидӣ (1911 – 1948) – нависанда, драматург.

Акрам Ризоев (1946)- олими соҳаи техника, профессор.

Александр Соловёв (1892 – 1959) – астрофизик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Одилҷон Умурзоқов (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон