Автобус на дороге

Дар роҳ ба Тоҷикистон: ҳалокати шаҳрванди тоҷик дар шоҳроҳи Самара - Шимкент

821
(Таҷдидшуда 16:36 05.11.2019)
Ҷасади шаҳрванди 63 - солаи Тоҷикистонро бидуни аломатҳои марги маҷбурӣ аз дохили автобуси мусофирбар, ки аз Русия самти Тоҷикистон ҳаракат дошт, пайдо намуданд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Шаҳрванди 63 - солаи Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи ватан ба ҳалокат расидаст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Қазоқистон.

Ба гузориши расонаҳо, ҷасади марди 63 - сола, шаҳрванди Тоҷикистонро субҳи имрӯз аз дохили автобуси мусофирбар дарёфт намуданд.

Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи заҳролудшавии маргбори муҳоҷирон

Қайд мегардад, ки дар бадани марҳум ягон аломати марги маҷбурӣ ҳувайдо набуда, феълан омили асосии ҳалокати ин шаҳрванди тоҷикистонӣ маълум мешавад.

Бояд гуфт, ки  бинобар  номусоид будани вазъи боду ҳаво дар вилояти Актюбинск дасти кам 200 автамашина банд монданд, ки автобуси мусофирбар бо шаҳрванди Nоҷикистон низ дар қатори онҳо буд.

Кафшергари тоҷикистонӣ дар Ханта- Мансийский аз зарби пояи 3,5 метра ҷон аз даст дод

Муайян гардидаст, ки марди 63 - сола барои муҳоҷират ба Hусия сафар кардааст ва бояд ба зодгоҳи худ шаҳри Хуҷанд бармегашт.

Ҳаракати нақлиёт ҳанӯз аз 4 - уми ноябр масдуд буда, имрӯз равуоӣ нақлиёт аз сар гирифта шуд.

821
Барчаспҳо:
Самара, роҳ, Тоҷикистон, шаҳрванд, ҳалокат

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон

924
(Таҷдидшуда 14:54 12.07.2020)
Рӯзи панҷум мешавад, ки дар Ӯзбекистон шумораи рекордии сироятшудагон ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 сабт мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторони вабои аср ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бар пояи омори ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Ӯзбекистон 500 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавруси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии беморон аз 12,7 ҳазор кас бештар шуд.

"То 12 июли соли равон дар ҳудуди Ӯзбекистон 12 706 кас аз бемории коронавирус сироят шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки давоми панҷ рӯзи охир теъдоди гирифторони ин маризӣ дар ҳоли афзоиш аст: 11 июл 483 ҳолат, 10 июл - 464, 9 июл - 421, ва 8 июл – 379.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии шифоёфтагон дар Ӯзбекистон  7,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 4,9 ҳазор маризи COVID-19 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Духтурон мегӯянд, ҳоли 45 шаҳрванд вазнин буда, авзоъи боз ҳафт бемори дигар ваҳим арзёбӣ мешавад.

Дар баробари ин дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон се нафар аз коронавирус фавтид.

Дар умум аз рӯзи аввали сабти ин беморӣ дар қарамрави Ӯзбекистон то кунун 58 нафар қурбони ин вабо шудааст.

 

Дар Ӯзбекистон дар робита ба дубора авҷ гирифтани бемории коронавирус то 1 август ҳаракати нақлиёт манъ карда шуда, барои ашхоси аз 65-сола боло ҳамарӯза ва барои дигар қисми аҳолӣ рӯзҳои истироҳат қарантина эълон шудааст.

924
Барчаспҳо:
афзоиш, гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
 Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов

Президент дастур дод: доруи зидди вируси коронаро аз Русия харед

1237
(Таҷдидшуда 01:50 12.07.2020)
Мақооти Туркманистон эълон кардааст, ки доруи зидди коронавирусро аз Русия харидоӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik.  Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Вазорати беҳдошти ин кишвар дастур дод, ки доруи зидди коронавирусро аз Русия харидорӣ кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Тибқи ииттилои манбаъ, Вазорати беҳдошт ва саноати пизишкии Туркманистон бояд доруҳои зиддивирусии мавриди ниёзи тавлиди Русияро харидорӣ кунад.

Тибқи ин фармони раисҷумҳур, маркази мудирияти дорухонаҳои Вазорати беҳдошти Туркманистон ин масъулиятро бар ӯҳда гирифтааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир саноати пизишкии Русия тавониста 2 доруи муассири зидди коронавирусро тавлид кунад.

Ахиран Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус ба Туркманистон мераванд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони СҶБ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст.

1237
Барчаспҳо:
Русия, вирус, дору, Раисҷумҳур, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Туркманистон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

0
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон