Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане

Афзоиши ҷангиёни ДОИШ дар шимоли Афғонистон: бо Толибон тамрини муштарак мекунанд

1043
(Таҷдидшуда 21:41 05.11.2019)
Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон аз афзоиши ҳузури ҷангандаҳои ДОИШ хабар медиҳанд, ки бо гурӯҳи Толибон ҳамкории муштаракро ба роҳ андохтаанд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Волии Форёби АФғонистон зимни як нишасти хабарӣ афзудаст, ки 40 хонаводаи доишӣ дар шаҳристонҳои ин вилоят ҳузур дошта, дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон ҷо ба ҷо шудаанд.

Ба иттилои вай, ҷангиёни ДОИШ афроди гурӯҳи Толибонро омӯзиш дода, Толибон низ дар бахши таҷҳизот бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Волии Форёби Афғонистон гуфт, ки ҳузури дубораи ДОИШ дар шимол таҳдиди ҷиддӣ барои амният буда ва нигарониро афзоиш додааст. Манобеи маҳаллӣ бо таъйиди ҳузури ДОИШ дар ин минтақа мегӯяд, диишиҳое, ки дар Сарипул ҳузур доданд, аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Чеченистон ҳастанд.

Дипломати рус теъдоди ҷангиёни ДОИШ дар марзи Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд

Ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон ба ду соли гузашта бармегардад, ки дар вилоятҳои Ҷузҷон, Сарипул ва Форёб ба сурати густарда ҳузур ёфта ва аз ин манотиқ шумори зиёди сарбоз барои худ ҷазб карданд.

1043
Барчаспҳо:
Афғонистон, Толибон, ДОИШ
Врач проводит осмотр пациента, архивное фото

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 99 нафар расид

170
Шумораи ҳолатҳои фавт аз коронавирус дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар шудааст. Вазорати тандурустӣ омори нави фавт аз ин бемориро нашр кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

170
Барчаспҳо:
фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пациенту ставят капельницу, архивное фото

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

1100
Кубатбек Боронов сарвазири Қирғизистон аз эҳтимоли зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар манотиқҳои ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Кубатбек Боронов дар ҷаласаи ситоди марказии ҷумҳуриявӣ гуфт, ки мақомоти минтақавӣ бояд ба афзоиши мавориди мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус ва ё илтиҳоби шуш омода бошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки аз ҳоло бояд дар минтақаҳо захираи маводи доруворӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин сарвазир ба таъмин намудани минтақаҳои Қирғизистон аз табибони ҳирфаӣ таъкид кард.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

"Дар Бишкек, бинобар шумораи зиёди маризон, беморхонаҳо зуд пур мешаванд ва дар дармонгоҳҳо кормандони тиб намерасанд. Аз ин рӯ, мақомоти минтақавӣ бояд ба ҳолати афзун шудани шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш омода бошанд. Вазъияте, ки ҳоло дар пойтахт дида мешавад, набояд дар дигар минтақаҳо такрор шавад", - афзудааст Боронов.

Зимнан, сарвазири Қирғизистон тактикаи мубориза бурдан бо коронавирус дар минтақаҳоро баён намуд:

"Таҷриба нишон дод, ки ба мо танҳо катҳои хоб лозиманд. Мо бояд ҷойҳоро барои беморони вазнин ва беморони миёна омода кунем. Барои онҳое, ки шакли сабук доранд, бояд дар утоқҳои алоҳида бистарӣ шаванд. Ҳоло дар Бишкек духтурон ва ҳамшираҳои шафқат намерасанд. Ҳамаи ин нозукиҳоро дар минтақаҳо бояд ба назар гирифт", - илова намудааст сарвазир дар ҷаласа.

Дар Қирғизистон вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус бисёр ваҳим аст. Теъдоди қурбониёни вируси COVID - 19 дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар расидааст. Ҳамарӯза дар ин кишвар то 500 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

1100
Барчаспҳо:
сарвазир, захира, маводи доруворӣ, афзоиш, маризӣ, Қирғизистон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

0
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон