ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Шарипа Салимхонова зани 66 - сола, сокини Павладор, муддати 12 сол чашм ба роҳи фарзанди бедаракшудаи худ буд.
Ахиран бо кумаки кормандони пулис ин модари солхӯрда ба дидори фарзанди худ расид, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Манбаъ меафзояд, Шарипа Салимхонова писари худ Жантасро давоми 12 сол меҷуст. Жантас соли 2012 дар Қазоқистон ҷиноят содир намуда, аз тарси он ки ӯро боздошт мекунанд, дар Русия паноҳ бурд ва модараш дигар аз ӯ хату хабареро дарёфт накард, - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед
Тӯли тамоми ин солҳо, Салихонова кӯшиш кард, то дар бораи фарзанди худ ақалан чизеро бифаҳмад. Ӯ пайваста барои дарёфт намудани писараш ба Хадамоти марзбонии ду давлат, Депортаменти Кумитаи амнияти милӣ ва ҳамзамон кормандони пулис муроҷиат мекард.
Танҳо ҳамин сол, бо гузашти 7 соли расо, Шарипа хабаре гирифт, ки писараш дар боздоштгоҳи Барнаул нигаҳдорӣ мешавад. Ҳарчанд модараш билфосила ба боздоштгоҳи Барнаул рафт, вале ба бозпас овардани фарзанди худ муваффақ нашуд, чун ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунада дар даст надошт.
Зимнан, ӯ ба муовини раҳбари Хадамоти муҳоҷирати вилояти Павлодор муроҷиат намуда, дархости кумак кард.
Муҳоҷирони тоҷику афғон аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор намуданд
Казбек Ахмедов муовини сардори хадамоти мазкур ба консулгарии Қазоқистон дар Омск тамос гирифта, ахиран бо кумаки ҳар ду ҷониб қазияи ин шаҳрванд ҳалли худро пайдо кард.
Феълан, Жантас ба Қазоқистон баргашт ва ҳуҷҷатҳои худро низ барқарор карда ба кормандони пулис изҳори миннатдорӣ намудаст.
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ин пешниҳодро узви ҳизби "Мекенчил", собиқ вакили парлумон Нуъмонҷон Аркабаев пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Содир Ҷабборов 15 сол аст, ки бо вуҷуди таъқибот ва мушкилоти зиндагӣ барои волоияти қонун дар кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мубориза мебарад.
"Замоне ба президенти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела барои он мукофот дода шуд, ки тамоми ҳаёти худро ба ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшидааст. Содир Ҷабборов инчунин барои фаъолияти пурсамар дар ҳимояи ҳуқуқи инсон сазовори ҷоизаи Нобел аст", - гуфт Нуъмонҷон Аркабаев.
Ёдовар мешавем зиндонии собиқ Ҷабборов пас аз гирдиҳамоиҳои сиёсӣ дар Қирғизистон баъди интихоботи парлумонӣ, ки санаи 4 октябри 2020 баргузор шуд, ба қудрат расид.
Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ, дар Бишкек эътирозҳои тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, оғоз ёфт. Баъдтар, Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон интихоботи гузаштаро беэътибор донист ва овоздиҳии нав эълон кард ва Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.
Дархости Ҷабборов аз мансабдорон: "акси маро дар ҳуҷраҳои корӣ наовезед"
Дар пайи истеъфои Сооронбой Жээнбеков Ҷабборов моҳи декабр сарвазир таъин шуд ва рӯзи 10 январи соли ҷорӣ дар пайи интихоботи фаврии президентӣ бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.
Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.
Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.
"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.
Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.
Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.
Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.
"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон
Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.
Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.
Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.
Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.
Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.
Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.
Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.
Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.
Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур.
Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.
Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.