Самолет Uzbekistan Airways

Нишасти изтирории ҳавопаймои хатсайри Пекин- Тошканд: аҳволи 5 сарнишин бад шуд

475
(Таҷдидшуда 13:53 08.11.2019)
Сафорати Узбакистон пайваста бо намояндагони бемористоне, ки 5 тан аз сарнишинони ҳавопаймо он ҷо интиқол ёфтанд, дар тамос аст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Ҳавопаймои хатсайри Пекин- Тошканд бинобар бад шудани аҳволи 5 сарнишин дар фурудгоҳи Ланчжоу нишасти изтирорӣ анҷом дод, хабар медиҳад ВУХ Узбакистон.

"Ҳавопаймои "Узбакистон ҳаво уйларӣ" дар робита ба бад шудани саломатии 5 сарнишин, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Русия ва боқимонда узбакистонӣ ҳастанд, оҷилан дар фурудгоҳи Ланчжоу фуруд омад. Пас аз расондани кумаки аввалияи тиббӣ, ҳамаи онҳоро ба бемористон интиқол доданд", - омадааст дар хабар.

Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб дар Тошканд

Зикр мегардад, ки феълан сафорати Узбакистон бо пизишкони беморхона пайваста дар тамос ҳастанд ва вазъиятро зери назорат қарор додаанд.

Ёдарс мешавем, ки ҳафтаи гузашта ҳавопаймои ширкати "Уралский авиалиния" , ки дар хатсайри Маскав - Кӯлоб  парвоз мекард ва ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Тошканд нишаст, пас аз муддати тулонӣ ба парвози худ идома дод.

Нишасти изтирории ҳавопаймо дар Тошканд ба далели бад шудани вазъи саломатии сарнишин

Ҳавопаймо бинобар номусоид будани вазъи ҳаво оҷилан дар фурудгоҳи Тошканд нишаст, вале пас аз мусоид шудани ҳаво низ ба идомаи парвоз шурӯъ накард, чун пас аз муоинаи ҳавопаймо мушкили техникӣ дарёфт карда шуд.

475
Барчаспҳо:
Тошканд, Пекин, изтирорӣ, нишаст, ҳавопаймо
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархӯр: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

1625
(Таҷдидшуда 17:24 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзи амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ, Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспии Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

1625
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон
Таджикская птицефабрика

Шуюи зукоми парандагон дар Қазоқистон

96
(Таҷдидшуда 14:45 20.09.2020)
Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зуком(Influenza)-и парандагон дар манотиқи мухталифи устони Қазоқистони шимолии ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зукоми парандагон дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ аз 9 то 16 сентябр марги анвои мухталифи парандагони хонагӣ сабт шуда, ки бар асоси таҳқиқоти Маркази миллии ташхис, иллати марги ин парандагон зукоми шадид будааст.

Қазоқистон мутобиқ бо қавонини тасвибшуда дар мавриди шуюи ин навъи беморӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошти ҳайвонот хабар додааст.

Тибқи гузориши вазорати кишоварзии Қазоқистон, Кумитаи контрол ва назорат бар домпзишкии ин кишвар ба сурати муваққат содироти мурғи зинда ва тухми мурғ, пари мурғ, гӯшти мурғ ва анвои маҳсулоти омодашуда аз парандагон, маводи ғизоии парандагон ва ҳамчунин таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва зибҳи ононро дар манотиқи олуда, мамнӯъ кардааст.

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

Қазоқистон ҳамчунин ба далели зукоми парандагон маҳдудиятҳои марзӣ бо Русия эъмол кардааст, аммо ба гуфтаи коршиносон ва донишмандон, ин беморӣ натанҳо аз тариқи содироти колоҳои муртабит, балки аз тариқи парандагони муҳоҷири ваҳшӣ низ метавонад густариш ёбад.

 

96
Похмелье, архивное фото

Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

0
Ду сокини шаҳри Норак бегоҳи 18 - уми сентябр дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ муноқиша намуда, яке аз онҳо ҷавони 35 - сола ҳамқадаҳи 50 - солаи худро корд зад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Норак марди 35 - соларо бозздошт намуданд, ки дар расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Бар тибқи хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 - уми сентябр тақрибан соати 20:10 дақиқа рух додааст.

Манбаъ меафзояд, сокинони  35 ва 50 - солаи шаҳри Норак дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ бо номи "Отамурод"- и шаҳри мазкур бо ҳам муноқиша намуда, марди 35 - сола ҳамқадаҳи худро бо корд як маротиба ба қисми чапи шикам задааст.

Саҳнаи кашола кардани духтари маст аз сӯи ҷавон ба навор афтод: ҳабсу ҷарима шуданд -навор

Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
корд, мастӣ, Норак