Афганские талибы, архивное фото

Мубодилаи маҳбусон сурат нагирифт: Толибон мегӯянд ҳукумати Афғонистон ваъдахилофӣ кард

401
(Таҷдидшуда 14:13 15.11.2019)
Толибон мегӯянд, додугирифти маҳбусон бинобар иштибоҳи мақомоти Афғонистон сурат нагирфт. Ба иддаои толибон, зиндониёни онҳоро ба макони муқарраршуда наоварданд ва аз ин рӯ мубодиларо мавқуф гузоштанд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мубодилаи маҳбусон миёни намояндагони Созмони мамнӯи Толибон ва ҳукумати Афғонистон ба таъхир гузошта шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи  РИА Новости бо такя ба маълумоти намояндаи Толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид.

Нападение на погранпост в Таджикистане: эхо Афганской войны
МВД Таджикистана/RUPTLY/Пресс-служба Минобороны России

Ба иттилои манбаъ, маҳбусинро бояд ба Қатар меоварданд ва дар он ҷо додугирифти зиндониён  сурат мегирифт.

Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

Аммо ба иллати он ки, мақомоти афғон се маҳбуси толибонро ба макони лозимӣ интиқол надоданд, аз ин рӯ мубодила анҷом наёфт, гуфта мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, чун мубодилаи маҳбусон сурат нагирифт, аз ин рӯ онҳоро бозпас ба зиндони "Багром" - и Афғонистон таҳвил доданд.

Қаблан раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмими аз маҳбасхона озод намудани се ҷангии Толибон - Анас Ҳаққонӣ, Абдулло Рашид ва Малӣ Кана бар ивази ду омӯзгори хориҷӣ, ки Толибон онҳоро ба гарав гирифта буданд, хабар дода буд.

Таркиш дар наздикии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон: 7 кушта 19 захмӣ

Толибон ҳанӯз соли 2016 як шаҳрванди Амрико профессор Кевин Кинг ва як шаҳрванди Австралия Тимоти Уикс, ки дар донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистон дарс мегуфтанд, гаравгон гирифта буданд.

401
Барчаспҳо:
зиндониён, мубодила, Афғонистон, Толибон