Пограничный пункт, архивное фото

Боздошти қочоқчӣ: қасди интиқоли 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон дошт

2121
(Таҷдидшуда 14:50 19.11.2019)
Кормандони гумруки Узбакистон дар марз бо Тоҷикистон як қочоқчии узбакро боздошт намуданд, ки қасди ба Тоҷикистон интиқол додани 100 ҳазор доллари амрикоӣ дошт

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аз интиқоли 100,5 ҳазор доллари амрикоӣ ба таври қочоқ аз Узбакистон ба Тоҷикистонро гумрукчиёни вилояти Ҷизах пешгирӣ намуданд.

Ба иттилои котиботи Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон, кочоқчиро дар постгоҳи "Кушкент", ки дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ҷойгир аст, мавриди боздошт қарор доданд.

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон

Тибқи иттилои агентӣ, кормандони гумрук як шаҳрванди Узбакистонро боздошт кардаанд, ки ғайриқонунӣ кӯшиши интиқоли миқдори зиёди асъори хориҷиро аз ин кишвар кардааст.

"Ҳангоми тафтиши худраваш Opel Astra, боздоштшуда дар қисмҳои гуногуни мошин пули нақди хориҷиро пинҳон намудаст", -  омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тибқи Кодекси ҷиноятии Узбакистон, барои таҳвили пули нақд то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

2121
Барчаспҳо:
марз, маблағ, қочоқчӣ, боздошт