Пулиси Қазоқистон 43 шаҳрванди Тоҷикистонро наҷот дод

© tengrinews.kzАвтобус на дороге
Автобус на дороге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автобуси мусофирбар бо 43 шаҳрванди Тоҷикистон дар шоҳроҳи Павлодар - Қизилорда вайрон шуда мусофирон нимашаб дар дохили он бидуни гармӣ дармонданд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар шоҳроҳи Павлодар - Қизилорда автобуси мусофирбар бо 43 шаҳрванди Тоҷикистон дар нимароҳ вайрон шудаст, хабар медиҳад сомонаи "Total.kz" истинодан ба идораи пулиси вилояти Павлодар.

Авария с пассажирским автобусом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷароҳат бардоштани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Қазоқистон

Манбаъ меафзояд, ки автобуси мусофирбарро пулиси роҳ соати 02:15 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ  дар ҳолате пайдо карданд, ки мусофирон аз хунукӣ азият мекашиданд, чун иллати шикасти мошин назаррас буда, системаи гармидиҳӣ низ аз кор монда будаст.

Дар роҳ ба Тоҷикистон: ҳалокати шаҳрванди тоҷик дар шоҳроҳи Самара - Шимкент

Гуфта мешавад дар дохили афтобус ду ронанда, шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳамчунин 43 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд.

"Кормандони полис дар бораи ин ҳодиса ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа хабар доданд ва дар якҷоягӣ бо шӯъбаи ҳолатҳои фавқулода, барои расонидани мусофирон ба мактаби истгоҳи Бозшакел, ки дар он ҷо ба мусофирон чойи гарм дода шуда буд, чораҳо андешида шуданд", - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ягон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса осеби ҷиддӣ надиданд.

Лентаи хабарҳо
0