Машина скорой помощи, архивное фото

Ҳалокати 7 коргари кироя дар шӯъбаи милитсияи вилояти Ҷиззах

276
(Таҷдидшуда 12:54 20.11.2019)
Коргарҳои кироя ба ҳангоми корҳои таъмирӣ дар шӯъбаи милитсияи вилояти Ҷиззах заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҳафт корманди кироя, ки ба корҳои таъмирӣ дар бинои Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Заминаи вилояти Ҷиззах  машғул буданд, ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои сардори раёсати робита бо ҷомеа ва иттилооти ҳуқуқии Додситонии кул Ҳаёта Шамсидинова, коргарон бар асари заҳролудшавӣ аз газ ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, алайҳи ҳодисаи мазкур додситонии вилояти Ҷиззах тибқи моддаи 207 қисми 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиши ин қазия идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки бо фарорасии ҳавои сард дар Узбакистон ҳодисаҳои заҳролудшавии шаҳрвандон аз газ аснои истифодаи дастгоҳҳои худсохти гармидиҳӣ бештар ба назар мерасад.

Ҳалокати ду кӯдак ва бистарӣ шудани 4 тани дигар дар паи заҳролудшавӣ дар Фархор

Танҳо дар 20 рӯзи моҳи ноябр дар Узбакистон аллакай 16 нафар бар асари заҳролудшавӣ аз газ ҷон бохтаанд.

276
Барчаспҳо:
заҳролудшавӣ, ҳалокат, Ӯзбекистон

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

38
Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон аз маризии сироятии коронавирус дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус марги боз 4 қирғизистонии дигар давоми як шабонарӯз аз маризии коронавирусро тасдиқ намуд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи ахир боз 606 мавриди нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Аз ҳама зиёд ҳолатҳои мубталошавии шаҳрвандон дар вилояти Ҷалолобод (184) ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчунин дар вилояти Ботканд низ 104 нафар тоза дардманди ин вирус гардиданд. Дар Ош 97 ва дар шаҳри Бишкек 88 мавриди нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор

Дар маҷмӯъ аз овоили хуруҷи ин беморӣ дар Қирғизистон 55 750 нафар гирифтори вируси COVID -19 гардидаанд.

Зимнан, бо илова шудани 4 мавриди фавт, теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 1 134 нафар баробар шуд.

38
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд

75
(Таҷдидшуда 15:44 22.10.2020)
Ҳукумати Ӯзбекистон барои рушд ва таҳкими забони ӯзбекӣ дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ барномаҳои ҷадид роҳандозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Аз моҳи апрели соли оянда мақомдорони Ӯзбекистон, ки вазифаи раҳбариро бар дӯш доранд вазифадор мешаванд, дар бораи сатҳи забондонии худ шаҳодатнома гиранд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати адлияи кишвар хабар медиҳад.

"Оғоз аз 1 апрели соли 2021 сатҳи ҳайати роҳбарикунанда барои коргузории расмӣ бо забони давлатӣ муайян карда мешавад ва барои муйян кардани сатҳи забондонии раҳбарон шаҳодатномаҳо ҷорӣ мешаванд ", - омадааст дар хабарнома.

Ин тадбир дар доираи консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар паёмаш гуфт, забонҳои хориҷиро омӯзед, аммо ба забони модарӣ арҷ гузоред

Ҳуҷҷати мазкур бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекситон Рӯзи забони ӯзбекӣ таҷлил шуд. Шавкат Мирзиёев мардуми ҷумҳуриро бо санаи таърихӣ табрик гуфт ва ёдовар шуд, ки имрӯз бо забони ӯзбекӣ тақрибан 50 миллион нафар сухан мегӯянд ва ин ифодагари ба яке аз забонҳои паҳншудаи ҷаҳон табдил ёфтани он мебошад.

Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Президент таъкид кард, ки имрӯз дар назди аҳолӣ вазифаи масъулиятнок яъне, рушди забони ӯзбекӣ, таҳкими минбаъдаи нақш ва нуфузи он ҳамчун забони давлатӣ истодааст.

75
Барчаспҳо:
сертификат, забон, Ӯзбекистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

502
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

502
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон