Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳури Узбакистон шеваи бархӯрди вазирон бо хабарнигоронро шадидан интиқод кард

285
(Таҷдидшуда 14:04 23.11.2019)
Шавкат Мирзиёев аз фаъолияти бархе вазирон шадидан интиқод карда, афзуд, ки аснои муошират бо шаҳрвандон ва минҷумла бо рӯзноманигоро онҳо дағалгӯӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.  Раисҷумҳури Узбакистон  Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае, ки рӯзи ҷумъа баргузор кард, дар бораи шеваи муносибати бархе аз мансабдорон бо шаҳрвандон ва кормандони ВАО сухан карда, бархӯрди вазирон бо аҳли ҷомеаро шадидан танқид кард, хабар медиҳад  Gazeta.uz.

Мирзиёев қайд кардаст, ки ВАО дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа нақши бориз дорад ва ҳамзамон инъикоскунандаи асосии таҳаввулоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Баҳои баланди Расулзода ба корҳои сохтмонии беморхонае, ки Узбакистон дар Хатлон месозад

Гузашта аз ин кормандони ВАО мушкили ҷомеаро хуб эҳсос намуда,  диққати мақомдоронро барои ҳал ва бартараф намудани он ҷалб мекунанд.

"Ва набояд фаромӯш кард, ки мо бояд матбуотро ҳамчун оинаи инъикосгари кори худ ҳисоб кунем. Мутаассифона, солҳои тӯлонӣ мо ба ин оина нигоҳ доштанро муҳим намешуморем". Дар натиҷа, мо камбудиву нуқсони худро мушоҳида намекунем ва аз амали анҷом додаи худ фахр намуда пайваста мегӯем, ки "аз ҳама беҳтарин ҳастем". маҳз ҳамин омил боис шудаст, ки дар ҷомеа мушкилиҳо ба ҳадде зиёд шудаанд, ки ниҳоят чуқур реша давондаанд", - афзудааст мирзиёев

Ба изҳори Мирзиёев баъзе мансабдорон ҳангоми муносибат бо шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори омма "фарҳанги оддии муошират,  фаромӯш мекунанд".

"Далели он, ки онҳо ба муроҷиатҳои хабарнигорон ҷавобҳои саривақтӣ ва софдилона намедиҳанд, миёни шаҳрвандон норозии зиёд ба миён меояд. Тақрибан ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои баланд дар бораи ин ё он раҳбар пайдо мешаванд. Чун манбасдорон ба ингуна хабарҳо вокунишҳои саривақтӣ, объективӣ ва асоснокро пешниҳод намекунанд, дар байни мардум баҳсу мунозираи гуногун пайдо мешаванд", - тавзеҳ дод раисҷумҳури Узбакистон.

Ба гуфтаи вай, раҳбарони алоҳида ба ҷои пешгирӣ аз муноқишаҳо, баръакс бо ҳавобаландии ху вазъиятро шадидтар мекунанд.

285
Барчаспҳо:
интиқод, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон