Избранный президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото

Жээнбеков раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт - навор

248
Дар чаҳорчӯби боздиди Қосим Жомарт Тоқаев аз Қирғизистон музокироти сатҳи олӣ ва имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кишвардори Қазоқистон Қосим- Жомарт Тоқаев  дар доираи сафари расмӣ озими Қирғизистон гардидаст, хабар медиҳад котиби раисҷумҳури ин кишвар Берик Уалӣ.

Раисҷумҳури Қазоқистонро дар баробари ҳайати ҳукуматӣ инчунин зебосанамҳои қирғиз бо лаълии пур аз "бурсоқ" пешвоз гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Гуфта мешавад, дар рӯзи ташрифи Тоқаев ҳавои Қирғизистон низ андаке мусоид буда, 6 дараҷа ҳавои сард пешгӯӣ мешавад. 

"Дар доираи ин сафар, баргузор шудани гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, сарони давлатҳо эъломияи муштаракро ба имзо расонда, барномаи ҳамкориҳои Қазоқистон ва Қирғизистонро барои солҳои 2020-2022  тасдиқ кунанд", - омадааст дар хабар.

Зодрӯз муборак: Тоқаев ва Жээнбеков телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

Инчунин ба имзо расидани созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ низ дар назар аст.

Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми гуфтушунидҳо, раҳбарони ду кишвар нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

"Қосим - Жомарт Тоқаев ҳамроҳ бо раисҷумҳури Қирғизистон аз Маҷмааи миллии таърихии "Ата Бейит" ва Осорхонаи Хонаи Чингиз Айтматов боздид хоҳад кард", - гуфт сухангӯи президент Берик Уалӣ.

Зимнан, рӯзи панҷшанбе Қосим - Жомарт Тоқаев дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат хоҳад кард.

248
Барчаспҳо:
пешвоз, Қазоқистон, раисҷумҳур, Сооронбой Жээнбеков