Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото

Пешгирӣ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон: 11 ҷангӣ ва ду фармондеҳ кушта шуданд

233
Дар шимоли Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаи ҷангиёни Толибон ва мақомоти амнияти ин кишвар сар дод

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҷангиёни Толибон дар манотиқи Сари Пули Афғонистон аз ҷониби низомиёни афғон маҳв гардиданд, хабар медиҳад Tolo News

Гуфта мешвад, Толибон ҳадаф доштанд бо мошини ҳомили маводи тарканда вориди шаҳр шаванд, вале онҳоро мақомоти қурдатӣ дар манотиқи Сари Пул безарар гардонданд.

СММ: дар Афғонистон дар соли 2019 беш аз 370 ҳазор нафар овора шудааст

Зикр мегардад, ки аснои задухӯрд маводи тарканда мунфаҷир шуд ва ҳамаи ҷангиён ба ҳалокат расиданд. Бар асари ин ҳодиса ҳамчунин  13 афроди мулкӣ бо шумули кӯдакон ҷароҳатдор шуданд.

Хабаргузории "Интерфакс" ҳамчунин аз як задухӯрди Толибон бо мақомоти амниятӣ дар марзи Тоҷикистон хабар медиҳад. ҳодиса дар гузаргоҳи Дарқад рух дода, бар асари он ду фармондеҳи Толибон Қорӣ Қодир ва Қаҳрамон бо ҳамроҳии 11 ҷангии дигар кушта шуданд.

Толибон дар Теҳрон бо ҳукуматдорони Эрон музокира карданд

Гуфта мешавад, дар ин даргирӣ як низомии афғон ба ҳалокат ва 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

233
Барчаспҳо:
пешгирӣ, амалиёти интиҳорӣ, Афғонистон