Арзон ва шик: воридоти колои “дасти дуюм” ба маблағи 32 миллион доллар

CC BY-SA 4.0 / MAKY.OREL / Одежда в магазине Secon hand
Одежда в магазине Secon hand - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Ҷумҳурии Афғонистон аз воридоти бесобиқаи пӯшокиҳои “дасти дуввум” ба ин кишвар хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Идораи миллии зҳсоия (омор) ва маълумоти Афғонистон зимни эълони омори тиҷоратии як соли ахир дар кишвар хабар дод, ки тайи ин муддат ба маблағи беш аз 32 миллион доллар либосу попӯши лайломӣ ё “дасти дуввум” (second hand) ба ин кишвар ворид карда шудааст.

Строящееся правительственное здание в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфтанд

Ин манбаъ мегӯяд, воридоти ин намуди пӯшокиҳо дар қиёс бо соли гузашта 5 миллион доллар афзудааст.

Як ҷавони бошандаи Кобул ба Sputnik Тоҷикистон  гуфт, мардуми кишварро бештар баҳои пойин ва кайфияти муносиби либосу попӯшҳо аз ин навъ ҷалб кардааст.

"Дигар ин ки онҳо аз брендҳои ҷаҳонӣ ҳастанд. Ҳам арзонанд, ҳам шик. Масалан, як камзӯл ё шими ҷинсро, ки моли “Левис” ё “Гуччи” аст, мешавад ба 500 афғонӣ, ҳудуди 8 доллар ба даст овард. Ё бут (пойафзол) – ҳои сохти “Адидас” ё “Рибук” – ро мешавад ба ҳамин нарх харид. Дошту кайфияти хуб дорад, зуд намедарад”, - гуфт ин ҷавон.

Афзоиши табодули молу коло Тоҷикистон бо Афғонистону Швейтсария

Аз сӯи дигар, Афғонистон як кишвари ҷангзада ва бино ба омори расмӣ, ҳудуди 70 дарсади аҳолии ин кишвар дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Беш аз нисфи кишвар, бахусус ҷавонон, аслан ба коре машғул нестанд. Аксари хонаводаҳо беш аз 5 фарзанд доранд ва либосу попӯшҳои “дасти дуввум” барои пӯшондани онҳо илоҷи беҳтарин барои онҳо аст.

Бойцы Талибана в Провинции Нанганхар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ

Тоҷирони афғон либосу попӯшиҳои “дасти дуввум” – ро аз бандари Карочии Покистон харидорӣ мекунанд. Савдогарони хурд онҳоро аз тоҷирон дар Кобул килобайъ мехаранд. Аммо харидорони онҳо фақат фақирон нестанд.

Ҳамсӯҳбати кобулии Sputnik мегӯяд, ҷавонони сарватманд ҳам ба хотири брендҳои хориҷӣ ва мӯд будани ин либосу попӯшҳо муштариёни лайломифурӯшӣ ҳастанд.

Бино ба иттилои Идораи миллии зҳсоия ва маълумоти Афғонистон, либосу попӯшҳои ҷадид ва ё “дасти аввал” ба кишвар тайи як соли ахир ба маблағи 55 миллион доллар ворид шудааст. Афғонистон либосҳои “дасти дуввум” – ро аз кишварҳое, назири Австралия, Инглистон, Амрико, Эрон, Покистон, Туркия, Чин, Ҷопон ва Шведсия ворид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0