Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев

Отамбоев гузаштан аз муоинаи равониро рад кард

380
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ва 15 нафар аз ҷонибдорони ӯ гумонбарони асосӣ дар қазияи ба гарав гирифтани кормандони дастаи таъиноти махсус мебошанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар робита ба ҳамин қазия, Вазорати умури дохилии Қирғизистон изҳор намудаст, ки собиқ раисҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоев бояд аз ташхиси равонӣ гузарад.

Ба иттилои ВУД Қирғизистон, тибқи қонунгузории кишвар гумонбароне, ки дар содир намудани ҷинояти вазнин даст доранд, ҳатман бояд аз муоинаи равонӣ гузаранд.

Отамбоев ба додгоҳ омад: ӯро дар робита ба қазияи Батукаев бозпурсӣ мекунанд - навор

Вале Отамбоев пешниҳоди гузаштан аз муоинаи равониро рад намудаст,  изҳор дошт  вакили дифои ӯ Замин Жоошев.

"Отамбоева муоинаи равониро рад кард, зеро чунин имконият дошт", - афзудаст Жоошев.

Зимнан вакили Жогорку Кенеш Ирина Карамушкина дар робита ба ҳамин қазия афзуд, ки як рӯз қабл назди Отамбоев комиссия омада буд, то ӯро аз ташхиси равонӣ гузаронанд. Вале Отамбоев қатъиян гузаштан аз муоинаи равониро рад кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл алайҳи Алмосбек Отамбоев парвандаи нав оғоз гардид. Вакили мудофеи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Сергей Слесарев изҳор намуд, ки ҳимоятгари ӯро боз дар содир намудани як ҷинояти дигар гумонбар медонанд.

Ба гуфтаи Слесарев, Отамбоев барои монеъ шудан ба рафти кори тафтишот айбдор дониста мешавад. Вакили Отамбоев тавзеҳ дод, ки гап сари парвандаи ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев меравад, ки собиқ раисҷумҳур чанд бораҳо аз ҳузур дар баррасии мурофиаи вобаста ба парвандаи ӯ худдорӣ намуда буд.

380
Барчаспҳо:
равонӣ, муоина, Алмосбек Отамбоев
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии

Афзоиши мубталоён ба вируси корона дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон

334
(Таҷдидшуда 12:14 05.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълом кард, ки теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 25 ҳазору 828 нафар расид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Ӯзбккистон то кунун дар ин кишвар 16 ҳазору 507 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 161 нафар низ фавт кардан, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҳамчунин бино бар эъломи Вазорати тандурустии Қазоқистон 8 ҳазору 518 нафар аз пизишкон ва кадри пизишкии ин кишвар мубтало ба корона шуданд.

Ажар Гиният, муовини вазири тандурустии Қазоқистон ахиран эълон доштааст, ки пизишкон ва коркунони муроқибатҳои беҳдоштӣ, ки мубтало ба вируси корона шудаанд, аз ҳаққи дарёфти кумаки молӣ ба мизони 2 миллион танга (баробар бо 4700 доллар) бархурдор ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 92 ҳазору 662 нафар мубтало ба корона шуданд ва 1058 нафар низ бар асари ин вирус фавт карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар дигар кишвари ҳабӯмсоя бо Тоҷикистон, Қирғизистон шумори кулли ин беморони гирифтор ба вируси корона ба 37 ҳазору 541 нафар расид

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки 412 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.

Дар баёнияи ахири Вазорати беҳдошти Қирғизистон омадааст, ки бо сабти ин теъдод аз мубталоён ба КОВИД-19, шумори кулли ин беморон дар ин кишвар ба 37 ҳазору 541 нафар расид.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Қирғизистон шумори фавтидагони корона дар ин кишвар низ бо марги ҳафт тани дигар дар 24 соати гузашта ба ҳазору 427 нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 18 миллиону 444 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд, ки ҳудуди 700 ҳазор нафар аз онон ҷон бохтаанд.

334
Барчаспҳо:
теъдод, афзоиш, вирус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

320
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

320
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

0
(Таҷдидшуда 12:12 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбораи раисиҷумҳур интихоб гардид.

0