Ворота рынка закрыты. По предварительным подсчетам, на месте более 500 человек

Бебарқӣ дар бозори Ош: сокинони норизо ба кӯчаҳо баромаданд - акс

174
(Таҷдидшуда 13:26 12.12.2019)
Фурӯшандаҳои бозори "Берекет универсал"- и Оши Қирғизистон боз даст ба тазоҳурот заданд. Чун интиқоли барқ ба бозори мазкурро боз маҳдуд намуданд ва сокинон аз бебарқӣ хисороти калонҳаҷм диданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар назди бозори "Берекет универсал" савдогарон боз даст ба тазоҳурот заданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

  • Митинг продавцов на мини-рынке Берекет универсал Ошского рынка
    Митинг продавцов на мини-рынке "Берекет универсал" Ошского рынка
    © SPUTNIK / НУРИС АЛЫМБАЕВ
  • У митингующих те же требования — чтобы Берекет универсал стал муниципальным и рынок подключили к электроснабжению
    У митингующих те же требования — чтобы "Берекет универсал" стал муниципальным и рынок подключили к электроснабжению
    © SPUTNIK / НУРИС АЛЫМБАЕВ
  • На месте находятся вице-мэр Азиз Алымкулов, аким Ленинского района Токтосун Султанов и руководитель аппарата мэрии Балбак Тулобаев
    На месте находятся вице-мэр Азиз Алымкулов, аким Ленинского района Токтосун Султанов и руководитель аппарата мэрии Балбак Тулобаев
    © SPUTNIK / НУРИС АЛЫМБАЕВ
1 / 3
© SPUTNIK / НУРИС АЛЫМБАЕВ
Митинг продавцов на мини-рынке "Берекет универсал" Ошского рынка
Фурӯшандаҳо ин навбат ҳам аз ҳукумадорон дархост намудаанд, ки бозори онҳоро хароб накунанд ва ҳамзамон ба ҷойи он Маркази муосири савдоро насозанд.

Гузашта аз ин тазоҳургарон аз қатъи пайопайи неруи барқ ба бозори мазкур сахт изҳори нигаронӣ мекунанд, чун маҳсулоти онҳо аз бебарқӣ дар дохили яхдонҳо вайрон гардидааст.

Манбаъ меафзояд, ки феълан даромадгоҳи асосии бозор маҳкам буда, ҳудуди 500 нафар фурӯшандаҳо дар назди бозор барои изҳори норизогияшон гирд омаданд.

Гуфта мешавад, назди тазоҳургарон муовини сарвазир Азиз Алимқулов ва ҳокими ноҳияи Ленин Тоқтосун Султонов барои музокира омаданд.

Тазоҳурот дар Бишкек: эътирозгарон боздошти собиқ мақомдори гумрукро тақозо доранд

Бояд гуфт, ки ин тазоҳуроти нахустини савдогарон набуда, онҳо аллакай барои чандин маротиба гирдиҳамоӣ намуданд.

Ҳанӯз моҳи сентябри соли равон, шаҳрдор Азиз Суракматов бо фурӯшандаҳои норизо вохӯрӣ анҷом дод ва ваъда дода буд, ки давоми 10 рӯз масъалаи бо барқ таъмин шудани ҷойи фурӯшашонро  ҳал мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Ош тасмим гирифта буд, дар ҷойи бозори феълӣ Маркази муосири савдоро бунёд мекунанд. Аз ин рӯ аз савдогарон талаб намуданд, ки ҷойи савдои худро тарк кунанд то корҳои сохтмонӣ оғоз ёбанд.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

Вале фурӯшандаҳо бар зидди тасмими гирифтаи ҳукумак муқобил баромада, борҳо даст ба эътироз зада буданд. Ҳукуматдорон мегӯянд бо сохта шудани Маркази муосири савдо фурӯшандаҳо метавонанд барои худ мағозаҳои алоҳидаро харид кунанд ва ё ба иҷора бигиранд.

Соли гузашта дар бозори Ош чандин бор сӯхтор сар зада буд ва фурӯшандаҳо аз ин оташсӯзиҳо хисороти зиёд диданд.

 

 

174
Барчаспҳо:
акс, тазоҳурот, Ош
Линии электропередачи, архивное фото

Туркманистон қимати барқро барои Афғонистон 50 дарсад арзон кард

200
(Таҷдидшуда 16:36 19.01.2021)
Қимати барқи содиротии Туркманистон ба Афғонистон 50 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik.  Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи хати интиқоли нерӯ аз шаҳри Каркии Туркманистон ба Шибирғони Афғонистон, ки бо ҳузури маҷозии сарони ду кишвар баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурии Афғонистон аз давлати Туркманистон барои коҳиши қимати барқ аз 6 сент ба 3,5 сент қадрдонӣ кард, иттилоъ додааст ИРНА.

"Ин тарҳ таъсири мусбате дар таъмини барқи қобили итминон дар устонҳои шимолии Афғонистон ва беҳбуди авзоъ дар ин минтақа хоҳад дошт ва Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад", - таъкид доштааст Ашраф Ғанӣ.

Гуфта шудааст, ки бо роҳандозии хати интиқоли 500 киловат, теъдоди афроде ки аз барқ дар Афғонистон истифода мекунанд, ба 9 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки гоме муҳим дар таъмини барқи қобили эътимод дар ин кишвар аст.

Дар марҳалаи аввал, Туркманистон барқи шаҳрҳои Андхӯй, Шибирғон ва Мазори Шарифро таъмин мекунад ва дар марҳалаи дувум то авоили соли 2022 барқро ба Пули Хумрӣ ва Кобул ва сипас бо дастрасии бештар ба шаҳрҳои Покистон хоҳад расонд.

200
Барчаспҳо:
коҳиш, арзон, қиматшавӣ, Туркманистон, Афғонистон
Заслуженный артист Узбекистана и Каракалпакстана Рахматжон Курбонов

Даргузашти шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон Раҳматҷон Қурбонов

99
(Таҷдидшуда 17:56 18.01.2021)
Дар Ӯзбекистон шашмақомхон, ки солҳои дароз раҳбарии ансамбли "Лазги" - машҳур дар ҷаҳонро бар дӯш дошт, аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.

"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.

Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.

Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.

Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова

Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.

99
Барчаспҳо:
шашмақом, Шашмақом, ҳунарманд, Ӯзбекистон, даргузашт

Таркиши вулқон дар Италия мардумро ба таҳлука андохтааст - видео

0
(Таҷдидшуда 18:40 20.01.2021)
Мардуми шаҳр хоб мекунанду, вулқони Этна бедор мешавад. Гарчанде сӯзиши вулқон дар навор ҳайбатовар намояд ҳам, коршиносон мегӯянд он ба мардум хатаре надорад

Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд. 

Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард. 

Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.

Мақомоти Италия боги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.

Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.

0
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, Италия