Тӯҳфа дар рӯзи мавлуд: ба Юлдуз Усмонова мошини BMW X7 ҳадя карданд

Обуна шудан
Юлдуз Усмонова сарояндаи маҳбуби Узбакистон ва ҳамзамон Тоҷикистон ҳам, дирӯз аз 56 - умин солгарди худ ҷашн гирифт

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дирӯз сарояндаи саршиноси Узбакистон Юлдуз Усмонова зодрӯз дошт. Ба Юлдуз дар баробари тӯҳфаҳои қиматбаҳо ҳамчунин мошини тамғаи BMW X7 низ ҳадя гардид.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Yulduz Usmonova (@yulduzibragimovnausmonova)

Наворе, ки дар он  лаҳзаи ба сароянда тақдим шудани мошин сабт гардидаст, худи Юлдуз дар сафҳаи Instagram.  нашр намуд.

Король на концерте, лезгинка Усмановой и стихийные пляски - видео - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова бо лезгинка дар Маскав ҳамаро ба по хезонд - видео

Дар навор маълум аст, ки ба табрикоти сарояндаи маҳбуб хешу пайвандон ва мухлисони сершумори ӯ ба хонааш омадаанд.

Сюрпризи Филипп Киркоров барои Юлдуз Усмонова дар Маскав - видео

Калиди мошини гаронбаҳоро ба Юлдуз чанд нафар мардҳо тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта Юлдуз Усмонова дар шаҳри Маскав барномаи консертӣ баргузор намуда буд. Ин сарояндаи маҳбуб на танҳо бо забони узбакӣ, балки бо забонҳои гуногун суруд хонд ва мухлисонашро масрур кард. Репертуари ӯ зиёда аз 600 суруд бо забонҳои узбакӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ, тоҷикӣ ва дигар забонҳо дар бар мегирад.

Дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ, овозхон тавонист тақрибан 100 сабти солонаро барорад. Ба ғайр аз Узбакистон, албомҳои Усмонова дар Олмон, Амрико,  Англия, Туркия ва Нидерландия нашр шуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли равон Юлдуз усмонова  ҳамроҳи Шабнами Сурайё сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон дар Хуҷанд консерт баргузор кард.

Юлдуз Усмонова  рӯзи 12 - уми декабри соли 1963 дар Марғилони Узбакистон ба дунё омадаст.

Лентаи хабарҳо
0