Ҳалокати 9 низоми Афғонистон аз дасти Толибон

© AP / Rahmat GalБоевики "Талибан" в провинции Нангархар на востоке Афганистана
Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Афғонистон аз ҳалокати 9 низомӣ хабар медиҳад. ки дар натиҷаи набарди шадид бо ҷангиёни Толибон кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни ҳаракати Толибон ба маркази Афғонистон чанде аз низомиёни ин кишвар аз дасти ҷангандаҳо ҷон бохтанд, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Афғонистон.

Ба иттилои манбаъ, зимни набарди мақомоти амниятии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дасти кам 9 низомӣ ба ҳалокат расиданд.

Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толибон манотиқи Шуғнони Афғонистонро муҳосира карданд

Вале дар гузориши шабакаи телевизионии 1TV шумораи қурбониён дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон бештар ҳисобида шудаст.

Шабакаи мазкур аз ҳалокати 25 низомӣ хабар медиҳад.

Музокироти сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар оғоз ёфт

Зимнан ҷангиёни толибон иқрор шуданд, ки ба маркази Афғонистон ҳамла оварданд ва чанде аз муҳофизони амниятии ин кишварро маҳв карданд.

Қобили зикр ат, ки ҳамалоти ҷангиёни Толибон пас аз ба таъхир афтодани музокироти онҳо бо ҳукумати Амрико. дар қаламрави Афғонистони ҷангзада бештар назаррас мегардад.

Толибон бар инанд, ки то замоне. ки неруҳои низомии Амрико хоки афғонистонро тарк накунанд, онҳо ба ҳамалоти худ хотима нахоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0