В Ташкенте обрушилась часть строящейся линии метро

Дар Узбакистон қисме аз хати метрои нотамом фурӯ рехт - акс

257
(Таҷдидшуда 15:05 18.12.2019)
Феълан дар ҷойи ҳодиса раиси раёсати "Узбекистон темир йуллари" Ҳусниддин Ҳосилов қарор дорад ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Узбакистон як қисми хати сохтмони метро дар хатсайри Юнусобод фурӯ рехт. Ба маълумоти котиботи "Узбекистон темир йуллари" сабаби фурӯ рехтани хати нотамоми метро боришоти борон арзёбӣ мешавад.

  • В Ташкенте обрушилась часть строящейся линии метро
    В Ташкенте обрушилась часть строящейся линии метро
    Sputnik

    Sputnik / Рамиз Бахтияров
1 / 3
Sputnik
В Ташкенте обрушилась часть строящейся линии метро

Феълан дар ҷойи ҳодиса раиси раёсати "Узбекистон темир йуллари" Ҳусниддин Ҳосилов қарор дорад.

Айни замон тафтишот таҳти назорати муовини аввали сарвазири Узбакистон ва вазири нақлиёти ин кишвар  Оҷилбой Раҳматов қарор дорад. Натиҷаи тафтишот баъдтар нашр хоҳад шуд.

Роҳандозии хатсайри нави автобусҳо аз Тошканд ба Маскав

Ба маълумоти котиботи ҳокимияти шаҳрӣ, ҳодисаи мазкур соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Лаҳзаи фурӯ рехтани хати сохтмони нотамоми метроро танҳо як сокини 44 - солаи маҳаллӣ дидааст ва ба ҳолати шок афтодаст.

Гуфта мешавад, ба ҷузъ ин сокини маҳаллӣ дигар ягон нафар дар ҳодисаи мазкур осеб надидааст.

Зикр мегардад, ки оқибатҳои садамаро кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамчунин  кормандони ташкилотҳои пудратии сохтмон бартараф мекунанд.

257
Барчаспҳо:
метро, Узбакистон