В Ташкенте обрушилась часть строящейся линии метро

Ҳалокати 6 нафар бар асари фурӯ рехтани хати метро дар Узбакистон

174
(Таҷдидшуда 13:29 19.12.2019)
Бар асари фурӯ рехтани хати нотамоми метро дар Узбакистон дасти кам 6 нафар зери харобаҳо дармонда ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik.  Субҳи имрӯз ҷасади марди 38 - соларо аз зери харобаҳои хати номатоми метро берун оварданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон.

"Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ наҷотбахшон ҷасади нафари панҷумро берун оварданд, ки бар асари фурӯ рехтани хати метрои нотамом зери он монда буд. Марҳум Каримов Зарифи 38 - сола мебошад", - омадааст дар хабар.

Феълан корҳои ҷустуҷӯӣ дар макони ҳодиса идома дорад.

Мусофири маст аз беэҳтиётӣ ба метро сарозер шуд - навор

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 18 - уми декабр, тақрибан  соати 10:00 дар Узбакистон як қисми хати сохтмони метро дар хатсайри Юнусобод фурӯ рехт. Ба маълумоти котиботи "Узбекистон темир йуллари" сабаби фурӯ рехтани хати нотамоми метро боришоти борон арзёбӣ мешавад.

Қаблан кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз зери харобаҳо ҷасади 5 нафарро берун оварда буданд.

174
Барчаспҳо:
фурӯхтан, метро, ҳалокат, Узбакистон