Паспорт и бланк в руках избирателя

Раванди интихоботи Узбакистонро 8 созмони байналмилалӣ назорат мекунанд

75
(Таҷдидшуда 15:28 19.12.2019)
Ҷараёни интихоботи Узбакистонро ҳашт созмони байналмиллалӣ назорат хоҳанд кард. Рафти интихоботро 825 нафар нозир баҳогузорӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Узбакистон, рафти ҷараёни интихоботро 274 нафар намояндагони созмони амният ва ҳамкории Аврупо, аз Ассамблеяи парлумонии САҲА 66 нафар, аз СҲШ 19 нафар, аз ИДМ 182 нафар назорат мекунанд.

Гузашта аз ин ҷараёни ин санаи таърихиро 9 намояндаи Шӯрои давлатҳои туркизабон, 5 нафар аз Ассамблеяи парлумонии давлатҳои туркизабон, 3 нафар аз Бонки рушд ва бозсозии Аврупо ва конфаронси Гаага, аз мамолики мухталифи хориҷӣ 267 ва дар маҷмӯъ  825 нафар нозир ширкат хоҳанд кард.

Қайд мегардад, ки ҳузури барзиёди намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ барои назорати интихобот дар узбакистон барои маротибаи нахуст сурат мегирад.

Дар Узбакистон интихоботи парлумонии пеш аз муҳлат оғоз шуд

Гузашта аз ин, аз 70 расонаи хориҷӣ 99 нафар хабарнигор сабти ном карда шуданд. 

Ёдрас мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Узбакистон 22 декабри соли равон баргузор мегардад. Тибқи Кодекси интихоботии кишвар раъйдиҳии пешакӣ даҳ рӯз пеш аз интихобот сурат гирифта, се рӯз пеш аз он анҷом меёбад.

Дар интихоботи мазкур панҷ номзадҳо аз ҳизби сиёсӣ вориди саҳнаи рақобат мешаванд ва кӯшиш мекунанд то раъйи бештари мардумро ба даст оранд.

75
Барчаспҳо:
интихобот, Узбакистон