Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков на второй Консультативной встрече глав государств Центральной Азии в городе Ташкент (Узбекистан). 29 ноября 2019 года

Жээнбеков гуфт тақдири Отамбоев бароям бетафовут нест

685
(Таҷдидшуда 14:11 25.12.2019)
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мегӯяд, тақдири тақдири Алмосбек Отамбоев борояш бетафовут нест

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Жээнбеков қазияи боздошти собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро шарҳ дода афзудааст, ки акнун тақдири ӯро суд ҳал мекунад. 

"Чун замоне, ки фурсати сари мизи музокира шиштану ба мувофиқа омадан буд, аллакай гузашт ва ҳоло танҳо додгоҳ тақдири ӯро ҳал мекунад", - гуфтааст Жээнбеков.

Зимнан, раисҷумҳури Қирғизистон изҳор намудаст, ки тақдири Алмосбек Отамбоев барои ӯ бетафовут нест, чун замоне ҳамроҳ бо режими Акаев ва Боқиев мубориза мебурданд.

"Ин осон нест. Ман роҳбари давлат шудам ва ҳеҷ гоҳ ба ҳамлаҳои оммавии ӯ вокуниш накардам. Барои ман, тамомияти давлат муҳимтар аз ҳама чиз буд. Ӯ аз роҳи ғайриқонунӣ  кӯшиш кард то дигарбора  сари қудрат ояд. Ман умедвор будам, ки Отамбоев худаш ба амалҳои нодурусти худ хотима медиҳад, аммо ӯ ин корро накард. Ҳоло ҳама чизро қонун ҳал хоҳад кард. Ин масъала аллакай аз салоҳияти ман берун аст", - гуфт Сооронбой Жээнбеков.

Раисҷумҳури Қирғизистон илова кард, ки вазифаи ӯ ҳифозати ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандони ин марзу бум аст, на аз гурӯҳҳои алоҳида.

Ӯ мегӯяд аз Худо тарс дорад ва пайваста кӯшиш мекунад, ки аз роҳи рост амалу рафтор кунад.

Ёдовар мешавем, ки ба бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 7 - уми август дастаи воҳидҳои махсуси Қирғизистон ҳамла намуданд, ки дар натиҷаи задухӯрд бо ҷонибдорони Отамбоев,  як низомӣ кушта ва дасти кам 175 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Парлумони Қирғизистон расман Отамбоев ва ҷонибдоронашро гунаҳкор эълон кард

Отамбоев рӯзи дуюм худаш ба мақомоти амниятии кишвар таслим шуд ва феълан дар боздошти КДАМ қарор дорад. Ӯро дар содир намудани чандин ҷиноятҳои мутташакил гумонбар медонанд. Аз ҷумла,  ғайриқонунӣ раҳо ёфтани Азиз Батукаев ҷинояткори ашадиро кори дасти Отамбоев мешуморанд.

Дирӯз дар бинои КДАМ суди сайёр ба баррасии парвандаи марбут ба Азиз Батукаевро шурӯъ кард, вале Алмосбек Отамбоев ба далели ҷавобгӯ набудани толори суд қаҳр кард ва баромада рафт.

685
Барчаспҳо:
Алмосбек Отамбоев, Сооронбой Жээнбеков