Сарпараст омад ба ҷои сарпараст. Сафир ку?

511
(Таҷдидшуда 19:11 25.12.2019)
Саид Маъсуми Бадахш, сарпарасти сафорати Афғонистон маъмурияти сесолаашро ба охир расонд ва ба ҷои ӯ Аҳмад Амирзода, собиқ консули сафорат нишаст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.  Маросими худоҳофизӣ бо Саид Маъсуми Бадахш ва ду корманди дигари сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон – Аҳмадфаҳими Кӯҳдоманӣ ва Халилуллоҳ Порсо дар бинои ин сафорат дар Душанбе баргузор шуд.

Аз сарпараст ба сарпараст гузаштани зимоми умури сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду сол ба ин сӯ Кобул наметавонад ба Душанбе сафири худро бифристад.

Саид Маъсуми Бадахш ва дигар кормандони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Sputnik Тоҷикистон ҳеҷ ҷузиётеро дода натавонистанд.

Аммо тайи ду соли ахир аз пешниҳоду тақарруриҳои чанд нафар ба ин симат маълум мешавад, ки ин курсӣ ба як санги ихтилофи миёни ду раҳбари Афғонистон – раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Доктор Абдуллоҳ табдил шудааст.

Духтарони Афғонистон ба иллати ҷангу ноамнӣ аз таҳсил дур монданд

Охирин сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ моҳи декабри соли 2016 ба Душанбе омад ва моҳи майи соли 2018 – як солу шаш моҳ пас бо амри раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай маъмурияташ хатм ва худаш бозхонд шуд. Юнусӣ дар гузашта мушовири Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва дар интихоботи президентии соли 2014 раҳбари ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шимоли Афғонистон буд.

Бино ба тавофуқи миёни раисҷумҳур ва раиси иҷроия курсии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҳиссаи раиси иҷроияи ин кишвар маҳсуб мешуд. Шояд аз ин хотир буд, ки ба ҷои Залмай Юнусӣ яке дигар аз тими Доктор Абдуллоҳ ба номи Неъматуллоҳ Арғандобиро пешниҳод карданд. Мавсуф дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2014 раҳбари ситоди интихоботии Доктор Абдуллоҳ дар вилоёти ҷануб ва баъд мушовири раиси иҷроияи Афғонистон буд, аммо ба далоили номаълум ҳеҷ гоҳ вориди бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе нашуд.

Ҳушдори мақомоти Афғонистон аз мавҷи нави муҳоҷират аз ин кишвар

Моҳи октябри соли 2018 Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар як ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе гуфт, ки ихтиёри интисоби сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар салоҳияти вазорати корҳои хориҷист ва тӯл кашидани таъйини сафири нави Кобул дар Душанбе ягон қасди изофие надорад, балки танҳо як ҷузъи тартиботи дипломатист. Дуруст пас аз як рӯзи ин гуфтаҳои Доктор Абдуллоҳ расонаҳои Афғонистон аз интисоби Шоҳгул Ризоӣ, вакили парлумон аз вилояти Ғазнӣ дар маҷлиси намояндагони Афғонистон, аз афроди наздик ба Сарвар Дониш, муовини раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ба симати сафири он кишвар дар Тоҷикистон хабар доданд.

Пои ӯ низ ба Душанбе нарасид, аммо дар ҳоли расидан аввалин зане мебуд, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мешуд. Аз як таъиноти дигар расонаҳои Афғонистон моҳи июли соли равон хабар доданд.

Сафире, ки низ натавонист ба курсии сафорати кишвараш дар Душанбе нишинад, генерал – лейтенант Муҳаммад Зоҳир Ағбар, собиқ раиси Кумитаи олимпӣ ва консули генералии Афғонистон дар Мюнхени Олмон, аз аъзои тими интихоботии Доктор Абдуллоҳ дар интихоботи президентии соли 2014 буд. Аммо муқаррарии ӯ ба симати сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бо ибтикори Амруллоҳ Солеҳ, ҳоло узви тими интихоботии Ашраф Ғанӣ сурат гирифт. Зоҳир Ағбар, бародари Сиддиқ ва Тоҳири Шабоб овозхонони маъруфи Афғонистон аст. Ӯ дар замони муқовимат алайҳи Толибон ба Тоҷикистон рафтуомад мекард ва як фарди ошно буд.

Аҳмад Амирзода, сарпарасти ҷадиди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, зодаи вилояти Парвон, аз ақориби Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон ба шумор меравад. Ӯ дар гузашта корманди вазорати корҳои хориҷии Афғонистон будааст.

511