Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото

Ҳалокати ду муҳоҷири Узбакистон дар Иркутск

44
(Таҷдидшуда 20:09 25.12.2019)
Дар Иркутск бар асари сӯхтори хонаҳои чубӣ ду муҳоҷири узбак ба ҳалокат расиданд. Аз ҷойи ҳодиса дасти кам 13 нафарро берун оварданд, ки ду тани онҳоро бинобар ҷароҳат шадид доштан ба беморхона интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бар хабари Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар маҳали аҳолинишини Залар дар вилояти Иркутск бар асари сӯхтор ду муҳоҷири узбакистонӣ ба ҳалокат радиданд.

Гуфта мешавад, оташсӯзӣ дар бинои хонаҳои чубӣ сар зад, ки муҳоҷирон дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Масоҳати умумии оташсӯзӣ 350 метри мукааб ташкил медиҳад.

Манбаъ меафзояд, ки наҷотбахшон аз ҷойи ҳодиса 13 нафарро берун оварданд, ки ду тани онҳо бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин  ба бемористон интиқол дода шуданд.

Сӯхтор дар бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбакистон

Консулгарии генералии Узбакистон мегӯяд, ки вазъиятро феълан таҳти назорат гирифта, бо мақомоти салоҳиятдори Сибир, вилояти Иркутск ва инчунин бо муассисаҳои тиббӣ дар тамос аст.

Зимнан консулгарӣ ба пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намудааст.

44
Барчаспҳо:
сӯхтор, Узбакистон