Расул Бокиев

Табрикоти Соли навии Расул Боқиев ба варзишкорони тоҷик

457
(Таҷдидшуда 02:53 01.01.2020)
Ҷудочии тоҷик, устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Расул Боқиев, дастовардҳои варзишкорони Тоҷикистонро дар соли 2019 арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Расул Боқиев дастовардҳои варзишкорони Тоҷикистонро дар соли 2019 арзёбӣ карда гуфт, ки дар ҷаҳони варзиш комёбиҳо тасодуфӣ нестанд. Ин меҳнати варзишкор ва дастварди мураббӣ мебошад.

Комёбиҳои варзишкорони Тоҷикистон дар олимпиадаи тобистона дар Токио пурра аз омодагиҳои онҳо вобаста аст, қайд кард Боқиев.

"Агар варзишкор ба ин кор ҷиддӣ муносибат кунад, баромадан ба педестал мумкин аст", - қайд кард Расул Боқиев.

Аз роҳандозии чархаи “Роғун” то интихоботи оянда: паёми Соли навии Эмомалӣ Раҳмон - видео

Устоди шоистаи варзиш қайд кард, ки дар Тоҷикистон куштӣ варзиши рақами 1 мебошад.

"Ҷудо ҳамоно дар кишвар маъруф мешавад. Мардуми бештаре ба ин навъи варзиш машғул мешаванд. Ин намуди хуби варзиш аст, ки маҳдудиятҳои синну солӣ надорад. Фикр мекунам ин навъи варзиш бештар маъруф мешавад", - қайд кард Боқиев.

Расул Боқиев ҳамчунин варзишкорони тоҷикро бо Соли нав муборакбод гуфт.

"Дар навбати аввал дар ҳама гуна ҳолат ҳатто зимни захмӣ шудан, саломатиро орзу дорам. Ҳич гоҳ таслим нашаванд, ҳамеша мубориза баранд ва ба сӯи ҳадафи худ қадам ниҳанд. Ҳич гоҳ аз волидон, мураббиён ва аз ватани худ фаромӯш накунанд", - гуфт Расул Боқиев.

Раҳмон дар Соли нав мақсадашро ба Жээнбеков гуфт

457
Барчаспҳо:
Соли нав, табрикот, Расул Боқиев