Военнослужащие Кыргызстана. Архивное фото

Дар Ҷалолобод як марзбони қирғиз худро паронд

776
(Таҷдидшуда 19:36 05.01.2020)
Феълан таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад. Пизишкон вазъи саломатии марзбонро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik.  Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки як сарбози қаторӣ аснои адои хидмат худро парондаст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур имрӯз, 5 - уми  январ дар вилояти Ҷалолободи ин кишвар  рух додаст.

Марзбон худро аснои дар наряд истодан аз пояш парондаст. Феълан сабаби ба ин амал даст задани номбурда номаълум аст.

Раванди аломатгузории марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ мешавад

Пизишкон вазъи саломатии сарҳадбонро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Манбаъ меафзояд, айни замон аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

776
Барчаспҳо:
парондааст, сарҳадбонон, Қирғизистон