Беспорядки в американском городе Балтиморе

Бистарӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиш ва сӯхтор дар Қазоқистон

179
(Таҷдидшуда 14:18 31.01.2020)
Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, дар паи таркиш дар Уралск захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиши баллони газ дар Уралски Қазоқистон ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад портали хабарии "Мой город".

Қазия дар майдони сохтмонӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон он ҷо кор мекарданд, ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба гузориши манбаъ, сохтмончиён баллони газро бо ёрии гармкунаки тафдор гарм кардаанд.

"Дар паи гарм шудани баллони газ таркиш ба амал омад. Дар натиҷа девор ва сақфи сохтмон, ҳудуди 80 метри квадратӣ сӯхт. Сӯхтор, соати 18.39 бо вақти маҳаллӣ аз ҷониби оташнишонон хомӯш карда шудааст", - гуфтааст дар суҳбат, сардори Раёсати оташнишонӣ Ерлан Туределдиев.

Даҳ ҷасади сӯхтаи узбакистониҳоро аз Томск ба Тошканд оварданд

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар паи сӯхтор ва таркиш се кас ҷароҳатдор шудааст, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.Навори сӯхтори мудҳиш дар Томск: шаҳрвандони Узбакистон ҷон бохтанд - видео

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон қарор доранд.

179
Барчаспҳо:
таркиш, захмӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон
Фотография учеников школы №43 Андижана, которая распространилась по сети

Хонандагон дар берун бе либоси гарм: барканории раҳбарияти мактаб дар Андиҷон

550
(Таҷдидшуда 16:18 23.11.2020)
Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбат карда муайян намудаанд, ки онҳо барои аксбардорӣ дар ҳавои -2 дараҷа сардӣ бе болопӯш дар берун қарор доштаанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Директори мактаби рақами 43-юм Д. Насирдинов ва муовини директор оид ба корҳои маънавӣ ва тарбиявӣ С. Исмонов бо сабаби баромадани хонандагон дар сармо бе либоси гарм ба берун аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Раёсати маорифи халқи вилояти Андиҷон хабар медиҳад.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе паҳн шуд, ки дар он хонандагони мактаби рақами 43 бидуни пӯшоки гарм ба берун баромадаанд. Блогерон ин мавзӯъро даррав пайгирӣ карданд. Яке аз онҳо Нозим Сафаров гуфт, ки кӯдаконро дар доираи барномаи тарғиботӣ ба берун баровардаанд. 

Барои омӯзиши ин ҳодиса комиссияи вижа ташкил шудааст.

Дар Раёсат қайд карданд, ки ин акс рӯзи 19 ноябри соли равон дар доираи сафари расмии гурӯҳи тарғиботӣ, ки аз олимон, кормандони фарҳангу санъат ва ҳамчунин фаъолони ҷомеъа иборат буд, гирифта шудаст.

Қайд мешавад, ки хонандагон барои тамошои онҳо ба долони мактаб баромадаанд. 

Раисҷумҳури Узбакистон шеваи бархӯрди вазирон бо хабарнигоронро шадидан интиқод кард

Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбат карда муайян намудаанд, ки онҳо барои аксбардорӣ дар ҳавои -2 дараҷа сардӣ бидуни либоси гарм дар берун қарор дошта ва баъдан муаллимон онҳоро ба синфхонаҳо даровардаанд.

Маъмурият аз роҳбарон, муаллимон ва кормандони маориф даъват кард, ки ба ҳар як донишомӯз ба мисли фарзанди худ муносибат кунанд ва нагузоранд, ки чунин ҳолатҳо ба саломатӣ ва амнияти онҳо таъсир расонанд.

550
Барчаспҳо:
раҳбар, барканорӣ, гармӣ, либос, Андиҷон
Американские войска увозят раненых, архивное фото

Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад

212
(Таҷдидшуда 16:41 23.11.2020)
Дар ҳошияи ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, дар вилоятҳои шимол ва ҷануби Афғонистон задухӯрдҳо миёни нируҳои давлатӣ ва Толибон (мамнуъ дар Русия) идома дорад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik, Александр Хроленко. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи террористӣ сатҳи технологии силоҳи худро афзоиш додааст. Ин гурӯҳ ҳоло ба  паҳподҳо ва силоҳҳои снайперии муосир дастрасӣ пайдо кардааст ва онро дар амал истифода мекунад.

Амрико тибқи созишномаи ба имзо расонидааш бо ҷунбиши Толибон  (аз 29 феврали соли 2020) нирӯҳояшро оҳиста-оҳиста аз Афғонистон ихроҷ дорад. Иҷрокунандаи вазири дифои Амрико Кристофер Миллер рӯзи 17 ноябри соли равон эълон кард, ки то 15 январ дар ин кишвар танҳо 2500 сарбоз боқӣ мемонаду халос. Имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон 4500 сарбози Амрико ҳузур дорад. Дар ҳамин ҳол, Толибон дар кишвар фаъол шуданд ва ба Амрико ишора мекунанд, ки амалиёти низомӣ ва масрафи зиёди маблағ дар ин кишвар бефоида аст.  

Волии вилояти Фарёб дар шимоли Афғонистон Нақибулло Файк ахиран эълон кард, ки ҷангҷӯёни Толибон ба камонҳои снайперии муосир ва дурбини дидор дар шаб дастрасӣ пайдо кардаанд. Барои ҷосусӣ Толибон (маманӯъ дар Русия) аз паҳподҳои хориҷӣ истифода мекунанд. Ин гуна пешравиҳои Толибон нирӯҳои давлатиро нигарон кардааст. Ин раванд ҳамчунин кишварҳои ҳамсояро низ нигарон кардааст.

Ҷанги шаҳрвандӣ

Дар Афғонистон ҳамарӯза даҳҳо сарбоз ва кормандони пулис дар даргириҳо бо Толибон кушта мешаванд. Ин раванд барои Афғонистон чунон як одат шудааст, ки ҳоло ҷомеъаи ин кишвар танҳо ба ҳамлаҳои террористӣ бо талафоти садҳо нафар аҳамият медиҳад. Аммо раванди имрӯза ба мустақари сулҳ дар ин кишвар умед намебахшад.

Толибон 18 ноябри соли равон дар вилояти Бағлон ба нирӯҳои давлатӣ ҳамла карданд. Ду сарбози Афғонистон кушта шуд. Дар ҳамин рӯз дар вилояти Фарёб боз дар як инфиҷор панҷ нафар корманди мақомоти амниятии Афғонистон кушта шуд. Миёни кушташудагон раҳбари пулиси вилоят Сафар Муҳаммад Бедор буд. Дар минтақаи Қайса (дар ҳамон вилоят) нирӯҳои амниятии Афғонистон тавасути бомборон аз ҳавопайми ҷангӣ 39 Толибро ба қатл расонданд.

Қаблан Толибон ба нуқтаи назоратӣ дар шимол шарқи вилояти Бадахшон ҳамла карда буданд. Дар ин задухӯрд 12 афсари пулис кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷанг дар тақрибан дар тамоми вилоятҳо идома дорад. Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки 37 толиб дар минтақаи Дашти-Арча дар вилояти Қундуз нобуд карда шуд. Боз шаш толиби дигар дар вилояти Ҳирот ва даҳ нафари дигар дар Зобул нобуд карда шуд.

Бояд қайд кард, ки мақомоти амниятии Афғонистон 96 дарсади амалиётро худаш бидуни кумаки нирӯҳои хориҷӣ анҷом медиҳад. Ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон як шакли рамзӣ гирифтааст ва ҳузури онҳо дар ин кишвар бефоида шудааст.

Ахиран маълум шуд, ки нирӯҳои Австралия 39 шаҳрванди Афғонистнро, ки асир гирифта буданд дар солҳои 2009-2013 ба қатл расонданд. Роҳбари артиши Австралия генерал Ангус Кэмпбелл аз мақомоти Афғонистон пузиш хост ва гуфт 25 нафаре, ки дар ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, ҷазо мегиранд.

Австралия дар амалиёти НАТО дар Афғонистон дар соли 2001  иштирок дошт. Имрӯз нирӯҳои  амниятии Афғонистонро беш аз 300 сарбози австралягӣ омӯзиш медиҳад.  Тибқи иттилои СММ дар даҳсолаи гузашта дар Афғонистон беш аз 100 ҳазор сокинони осоишта  кушта шуданд.

Столтенберг бар зидди Вошингтон

Йенс Столтенберг дабири кулли НАТО мухолифи хуруҷи нирӯҳои Амрико ва шариконаш аз Афғонистон шудааст.

Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки Аврупо намехоҳад танҳо ба ҷанги бузурги Афғонистон баргардад. Аҷиб он аст, ки Столтенберг ахиран мавзуъи ҳузури нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро бо раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ Баррасӣ кард. Зимни мулоқот ӯ ваъда дод, ки бар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба ин кишвар кумак хоҳад кард ва омӯзиши нирӯҳои амниятӣ идома меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо аз Афғонистон талаб доранд, ки зуд оташбас эълон кунад, чунки ин ягона роҳ барои пайвасти Афғонистонро ба ҷараёнҳои иқтисодӣ дар минтақа аст. Русия талоши Афғонистнро барои узви СҲШ шуданаш комилан дастгирӣ дорад. Кобул фаъолона ҳамкориҳои дуҷонибаи худро бо Душанбе, Минск, Тошканд ва дигар кишварҳо пеш бурда истодааст.

Ахиран дар пойтахти Афғонистон нахуствазири Покистон Умрон Хон бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ҳамкориҳои дуҷониба ва музокироти сулҳ бо Толибонро (мамнӯъ дар Русия) баррасӣ кард. Ню-Деҳлӣ низ мақомоти Афғонистонро ҳаматарафа дастгирӣ дорад.

Афғонистону Покистон, ки ба як дигар рақиби шадид ҳастанд, кушиш доранд ҷойгоҳи Амрикоро баъд аз хуруҷи нирӯҳо ба даст бигиранд. Қаблан намояндаи артиши Покистон генерал Бабар Ифтихор эълон кард, ки дипломатҳои Ҳинд дар Афғонистон ҳамеша амалиёти террористие, ки дар ин кишвар сурат мегиранд мунтазам идора мекунанд ва ҷангҷӯёнро  барои  амалиёти террористӣ дар ин кишвар маблағгузорӣ мекунанд.

Вале Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ин хаббаро рад кард.  

Бояд гуфт, ки деги ҷӯшони Афғонистон даҳсолаҳост, ки ба сиёсат, иқтисод, амният ва зиндагии миллиардҳо нафар дар кишварҳои ҳамсоя таъсир мерасонад.

212
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе

Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад

0
(Таҷдидшуда 10:57 24.11.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои давтари матбуотии президент,Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанонро табрик карда гуфтааст, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

“Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.”,-гуфтааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд, афзудааст президент.

Расулзода дар Кӯшониён пояи 46-метрии парчам ва нишони давлатиро ифтитоҳ кард

Раисиҷумҳури кишвар арҷ гузоштан ба Парчами давлатиро қарзи яҳар як шаҳрванд хонда гуфтааст, дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

0
Барчаспҳо:
табрикот, Парчам, президент, Тоҷикистон