Бананы

Коҳиши нархи банан дар пасманзари бурузи "вируси тоҷдор" ва ҷавоби вазири тандурустӣ

1104
(Таҷдидшуда 13:02 11.02.2020)
Арзиши банан дар Узбакистон дар пасманзари авҷи маризии сироятии "вируси тоҷдор" бесобиқа коҳиш ёфтаст. Чун аксар шаҳрвандон бар инанд, ки банан олудаи вируси мазкур аст

ДУШАНБЕ, 11 февр — Sputnik. Пас аз паҳн гардидани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати олуда будани банан аз "вируси тоҷдор",  дар Узбакистон нархи он бесобиқа коҳиш ёфтаст, хабар медиҳад Podrobno.uz. 

Омили асоси ҳарос доштани одамон аз хариди банан, ин паҳн шудани маълумот дар бораи олуда будани он ба "вируси тоҷдор" мебошад. Узбакистониҳо бар ин назаранд, ки агар ин навъ мева берун аз Чин ҳам парвариш шавад, он олудаи вируси мазкур аст ва инсонро зуд сироят мекунад.

Духтари чинӣ аз хамир тарбузу, банану лиму омода мекунад – Навор

Зимнан, пас аз баланд шудани сару садоҳо дар мавриди хатарзо будани истеъмоли банан, Вазири тандурустии Узбакистон дар муроҷиати расмӣ ба шаҳрвандони кишвар шарҳ дод, ки хӯрдани банан зиён надорад ва истеъмоли он одамро ба ҳеҷ ваҷҳ  гирифтори маризии "вируси тоҷдор" намекунад.

Вазири тандурустӣ бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки маризии "вируси тоҷдор" танҳо аз нафари сироятёфта ва ҳайвонҳо ба одам мегузараду халос.

"Маводи озӯқаворӣ новобаста аз макони истеҳсолашон, инсонро гирифтори ин маризӣ карда наметавонад", - омадааст дар хабар.

Нобоваста аз шарҳи Вазорати беҳдошти Узбакистон ва иттилооти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бобати ин маризӣ, шаҳрвандони узбекистониро ҳамоно тарс фаро гирифтаст ва онҳо аз харид кардани банан худдорӣ мекунанд.

Агар қаблан арзиши банан дар Узбакистон 2,6 доллар буд, ҳоло нархи он то 1 доллар ва аз ин ҳам поинтар коҳиш ёфтаст.

1104
Барчаспҳо:
маризӣ, нарх, коҳиш

Назарбоев аз COVID - 19 шифо ёфт: акси тозаи ӯ нашр шуд

56
(Таҷдидшуда 17:53 02.07.2020)
Рӯзи 18 июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID - 19 хабар дода шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тести аввалин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои муайян кардани COVID - 19 манфӣ баромад, хабар дод сухангӯи Назарбоев Айдос Укибой дар Twitter.


Рӯзи 18 июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID - 19 хабар дода шуд. Пас аз ин хабар Назарбоев танҳонишинӣ мекард.

"Ман хабарҳои хуш дорам. Тести имрӯзаи президент барои муайян кардани коронавиус манфӣ баромад. Тибқи дастурҳои пизишкон Назарбоев ҳамоно хонанишинӣ карда, дуркор мешавад ва бештар дар ҳавои тоза сайру гашт мекунад", - навиштааст сухангӯи Назарбоев.

"Мактуби президентҳоро худаш мехонад": сухангӯи Назарбоев вазъи саломатияшро шарҳ дод

Дар давоми шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 528 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар умум дар кишвар 42 574 кас гирифтори COVID - 19 шудааст. Шумораи беморони бидуни нишонаҳо ба ин омор дохил намешавад.

56
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, беморӣ, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон
Акция в память о погибших при взрывах в Брюсселе у посольства Бельгии в Москве

Даргузашти келини хонаводаи Назарбоев

471
(Таҷдидшуда 15:41 02.07.2020)
Ҳамсари Болат Назарбоев - бародари Нурсултон Назарбоев - Гульҷонро дар паҳлуи волидони Назарбоевҳо ба хок супурданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҳамсари Болат Назарбоев - бародари Нурсултон Назарбоев - Гулҷон аз дунё даргузашт. Ин хабарро директори хазинаи иҷтимоии "Оиша" Оиша Оразбой ба Sputnik Қазоқистон тасдиқ кард.

Гулҷон Назарбоева рӯзи 29 июн даргузашт. Ӯро 30 июн дар оромгоҳ дар паҳлуи волидони Назарбоевҳо ба хок супурданд.

"Дили ӯ аз дер боз дард мекард. Сабаби даргузашташ ҳам ҳамин аст, на дигар беморӣ", - гуфт Оиша дар суҳбат бо Sputnik Қазоқистон.

Бино ба иттилои манбаъ Гулҷон Назарбоеваро дар гӯристони Шубарот дуртар аз қишлоқи Шамалган хок карданд.

Даргузашти собиқ ноиби вазири мудофиа ва мушовири дастгоҳи Президент

"Он ҷо волидони президенти нахустин ба хок супорида шуданд. Ба сабаби карантин дар маросими дафн касеро роҳ надоданд", - афзуд манбаъ.

Болат Назарбоев – бародари Нурсултон Назарбоев мебошад. Бино ба гузориши манбаъҳои озод ӯ асосгузори хазинаи хайрияи "Салиқалы Ұрпақ" ва раҳбари холдинги BN Invest мебошад.

471
Барчаспҳо:
келин, даргузашт, Қазоқистон

COVID - 19 дар Тоҷикистон: аз омори сирояту шифоёбӣ то бардошти маҳдудиятҳо дар моҳи июн

0
(Таҷдидшуда 20:36 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон