Ализода ба раисҷумҳури Қирғизистон дуруди Раҳмон расонду эътимоднома супурд

© Пресс-служба МИД РТЧрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан Назирмад Ализода вручил свои верительные грамоты Президенту  Кыргызской Республики Сооронбаю Жээнбекову
Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан Назирмад Ализода вручил свои верительные грамоты Президенту  Кыргызской Республики Сооронбаю Жээнбекову - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири фавқулодаи ва мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон имрӯз ба раисҷумҳури ин кишвар Жооронбек Жээнбеков эътимоднома супорид

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik.  Сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода имрӯз, 13 - уми феврал дар Бишкек ба раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков нусхаи эътимоднома супурд.

Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистон: Назирмад Ализода кист?

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар маросими мазкур сафири Тоҷикистон ба раисҷумҳури Қирғизистон дуруду паёми Эмомалӣ Раҳмонро расонд.

Манбаъ меафзояд, Сооронбой Жээнбеков ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сафири навтаъини Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно кард.

Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо судури фармон сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистонро Назирмад Ализода таъйин кард.

Ализода дар ин мақом Сӯҳроб Олимзодаро иваз кард.

Лентаи хабарҳо
0