Шавкат Мирзиеев прибыл в Таджикистан

Бояд омода шуд: сафари Шавкат Мирзиёев ба Маскав ба таъхир афтод

513
(Таҷдидшуда 14:52 14.02.2020)
Сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Маскав то даҳаи дуюми моҳи июн ба таъхир афтод. Мақомот мегӯяд бояд бештар омода шуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ба рӯзноманигорон дар нишасти хабарӣ дар бораи нақшаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар соли 2020 гуфтанд.

Дар ин бора хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Мавзӯъи аслии нишасти хабарӣ, сафари давлатии президенти кишвар Шавкат Мирзиёев ба Маскав шудааст.

"Ин сафар бо муҳиммияти омодагии бештар, то даҳаи дуюми моҳи июн ба таъхир афтод. Дар нақша ҳаст, ки дар доираи ин сафар форумҳои байниминтақавӣ, омӯзишӣ баргузор шаваду дар ВДНХ-и Маскав ғурфаи "Ӯзбекистон" ифтитоҳ гардад", - гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Илҳом Неъматов.

Ёдрас мешавем, ки сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Маскав, бояд авоили моҳи феврал сурат мегирифт.

Рӯзи 12 феврал, раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия ҷузъиёти сафарро баррасӣ карданд.

513
Барчаспҳо:
таъхир, сафар, Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев, Тошканд
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

92
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

92
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин
Колючая проволока, архивное фото

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

164
(Таҷдидшуда 03:03 07.08.2020)
Як нерӯи марзбонии артиши Покистон дар даргирӣ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, террористҳо аз дохили хоки Афғонистон мавозеи нерӯҳои покистониро дар он сӯи марз ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон нерӯҳои марзии Афғонистон низ ба сӯи нерӯҳои покистонӣ, тирандозӣ  карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин тирандозӣ ду нерӯи марзбонии дигари Покистон ҳам захмӣ шуданд.

Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон ҳам дар баёнияе зимн маҳкӯм кардани ҳамалот ба нерӯҳои ин кишвар дар марзи муштарак бо Афғонистон, ҳушдор дод, ки ин вазъият созу кори дуҷониба барои ҳамкориро таҳти таъсир қарор ме‌диҳад.

Покистон ва Афғонистон бар сари масоиле, аз ҷумла хати фарзии "Дюран" ва эҷоди таъсисоти марзӣ ихтилоф доранд ва ҳамчунин якдигарро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам ме‌кунанд.

164
Барчаспҳо:
ноороми, даргирӣ, марз, Покистон, Афғонистон
Город Худжанд, архивное фото

Кам шуд, аммо ҳанӯз ҳаст: бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

0
(Таҷдидшуда 15:15 08.08.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд мегуянд, ҳанӯз мушкили олудаги ҳаво бартараф нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси Хуҷанд сарчашмаи паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳрро гуфта буд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои соҳили рости руди Сир дар Хуҷанд мегуянд, то ба ҳол мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳр ҷой дорад.

Нуриддин Шарифов як сокини маҳаллаи 17-уми Хуҷанд дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳангоми вазидани шамол бӯи бад ба кӯчаву манзили онҳо паҳн мешавад.

“Дар гармои тобистон ҳама вазидани шамолро интизор мешаванд, аммо аз вазидани шамол мо дилгир мешавем, зеро дар вақти шамоли форам бӯи бад маҳаллаи моро фаро мегирад”, гуфт ӯ.

Як сокини дигари Хуҷанд аз маҳаллаи 8-ум ҳам зикр кард, ки шому саҳар ба ҳангоми вазидани шамол бӯю тафи бад ҳавои хонаю дари онҳоро олуда месозад. Ин сокини Хуҷанд гуфт, ин мушкил чанд вақт ба ин тараф ҳалношуда боқӣ мондааст.

“Паҳншавии бӯи бад дар шаҳр, назар ба як моҳи пеш нисбатан камтар шудааст, аммо ҳанӯз пурра бартараф нашудааст”, таъкид кард, ҳамсуҳбати мо.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми июл Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ манбаъи паҳншавии бӯи ғализ дар маҳаллаҳои Хуҷандро ошкор кард.

Муҳаммадзода таъкид кард, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз ҳисоби порӯи мурғхонаҳое паҳн мешавад, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров сохта шудаанд.

"Паҳни бӯи бад дар шаҳр мо ҳама маъмурони шаҳрро нигарон кардааст. Мо оиди ин масъала 10-12 рӯз ба ин тараф машғул ҳастем. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони санитарию эпидемологии шаҳр, Раёсати экология вилоят маълум намуданд, ки дар мавзеъҳои доманакӯҳи шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби баъзе ашхос фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шуда ва порӯи чунин фермаҳо дар фазои кушод нигоҳ дошта мешудааст, ки ба ҳангоми вазидани шамол ба микроноҳияҳои шаҳр паҳн мегардад", - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд он замон гуфта буд, ки унвонии Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мактуб ирсол намудаанд, то ин масъаларо ба баррасӣ гиранд.

Аммо бо гузашти қариб як моҳ ҳамоно паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд бартараф нашудааст ва сокинон аз ин вазъ изҳори нигаронӣ мекунанд. Воқеан порӯи мурғхонаҳо ҳавои шаҳрро олуда мекунад, ё чизи дигар? Оё бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

0
Барчаспҳо:
шикоят, Маъруф Муҳаммадзода, сокинон, бӯйи бад, Хуҷанд, Тоҷикистон