Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев прибыл в Турцию с визитом

Мирзиёев бо даъвати Эрдуғон озими Туркия шуд

518
(Таҷдидшуда 17:03 19.02.2020)
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо ҳамсари худ бо даъвати Раҷаб Тайиб Эрдуғон президенти Туркия озими ин кишвар шуд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбекистон ба Туркия оғоз ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбекистон, сафари Шавкат Мирзиёев ба Туркия бо даъвати президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон сурат мегирад.

Мирзиёевро дар ин сафар ҳамсараш ҳамроҳӣ мекунад.

Гуфта мешавад, кишвардори Узбекистонро дар фурудгоҳи Туркия намояндагони ҳукумат, роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо Си Ҷинпин: "кумакатон мекунем"

Барномаи сафари дурӯзаи Мирзиёев ба Туркия, аз гуфтушунидҳои дар сатҳи олӣ дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои стратегии ду кишвар иборат хоҳад буд. Аз ҷумла, кишвардорони Узбекистон ва Туркия  густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, молия, нақлиёт ва коммуникатсия, маорифу фарҳангро баррасӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Шавкат Мирзиёев бори охир моҳи октябри соли 2017 аз Туркия боздид намуда буд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон бошад, моҳи апрели соли 2018 охирин маротиба ба Узбекистон омада буд.

"Худо раҳмат кунад": ҳамдардии Рамазон Қодиров бо Шавкат Мирзиёев

Ба ақидаи коршиносон, мавзӯи калидии музокирот дар Анкара, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хоҳад буд, зеро Тошканд ба тавсеаи бозори маҳсулоти худ ва ҳамчунин рушди системаҳои нақлиётӣ ва логистика манфиатдор аст.

518
Барчаспҳо:
сафар, Туркия, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии

Афзоиши мубталоён ба вируси корона дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон

322
(Таҷдидшуда 12:14 05.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълом кард, ки теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 25 ҳазору 828 нафар расид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Ӯзбккистон то кунун дар ин кишвар 16 ҳазору 507 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 161 нафар низ фавт кардан, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҳамчунин бино бар эъломи Вазорати тандурустии Қазоқистон 8 ҳазору 518 нафар аз пизишкон ва кадри пизишкии ин кишвар мубтало ба корона шуданд.

Ажар Гиният, муовини вазири тандурустии Қазоқистон ахиран эълон доштааст, ки пизишкон ва коркунони муроқибатҳои беҳдоштӣ, ки мубтало ба вируси корона шудаанд, аз ҳаққи дарёфти кумаки молӣ ба мизони 2 миллион танга (баробар бо 4700 доллар) бархурдор ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 92 ҳазору 662 нафар мубтало ба корона шуданд ва 1058 нафар низ бар асари ин вирус фавт карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар дигар кишвари ҳабӯмсоя бо Тоҷикистон, Қирғизистон шумори кулли ин беморони гирифтор ба вируси корона ба 37 ҳазору 541 нафар расид

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки 412 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.

Дар баёнияи ахири Вазорати беҳдошти Қирғизистон омадааст, ки бо сабти ин теъдод аз мубталоён ба КОВИД-19, шумори кулли ин беморон дар ин кишвар ба 37 ҳазору 541 нафар расид.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Қирғизистон шумори фавтидагони корона дар ин кишвар низ бо марги ҳафт тани дигар дар 24 соати гузашта ба ҳазору 427 нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 18 миллиону 444 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд, ки ҳудуди 700 ҳазор нафар аз онон ҷон бохтаанд.

322
Барчаспҳо:
теъдод, афзоиш, вирус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

318
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

318
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон