Файзхоҷа Маҳмудов, коршиноси бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи Узбекистон

“Мутахаллис ба “Дониш” ва мулаққаб ба “Калла”: кашфи девони Аҳмади Дониш дар Тошканд

513
(Таҷдидшуда 10:48 20.02.2020)
Файзхоҷа Маҳмудов, коршиноси бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, зимни матлабе дар сомонаи “Овози Самарқанд” аз кашфи девони ашъори Аҳмади Дониш, мутафаккири барҷастаи тоҷик хабар додааст

ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Файзхоҷа Маҳмудов менависад, то кунун аз осори Аҳмад Махдуми Дониш китобҳои насрӣ, назири "Наводир-ул-вақоеъ", "Рисола дар назми тамаддун ва таъовун", "Шарҳи ҳоли амирони Бухорои шариф", "Номус-ул-аъзам", "Меъёр-ут-тадайюн", дар улуми табиӣ "Зийҷи Аҳмади Дониш" - у "Манозир-ул-кавокиб" маълум буд, ҳоло намунаҳои осори назмии ӯ низ ба даст омадааст.

Тарҷумаи девони Камоли Хуҷандиро ба забони ӯзбекӣ ба муносибати 700-солагии шоир

Ба қавли коршиноси ӯзбекистонӣ, ашъори Аҳмади Дониш дар ҷараёни тартиб додани Феҳристи нави дастнависҳои шарқи Академияи улуми Ӯзбекистон пайдо шудааст, ки худи ӯ масъулияти қироати матнҳои душворхони форсию арабиро ба дӯш дорад.

Вай мегӯяд, дар феҳристи қаблии дастнависҳои Академияи улуми Ӯбекистон, ки тайрибан 40 пеш тартиб дода шуда, ба унвони "Феҳристи академик Семёнов" маъруф будааст, ашъори Аҳмади Дониш ворид нашудааст.

"Хушбахтона, рӯзе дар миёни анбӯҳи нусхаҳо чашмам ба ин дастхати девони Аҳмади Дониш, ки воқеан ҳам дар миёни як ҷилди се асар доштаи як дастнависи қарни XIX пинҳон шуда буд, афтод. Пас аз баррасиҳои ҳамаҷониба бо коршиносон ин девонро ба Феҳристи нав чун асари алоҳида ворид кардем, ки мухтасаран аз мушаххасоти зерин иборат аст: забон – тоҷикии форсӣ, муаллиф – Аҳмад махдум бин ан-Носир ас-Сиддиқӣ, мутахаллис ба Дониш ва мулаққаб ба Калла", - менависад Файзхоҷа Маҳмудов.

Ба навиштаи ӯ, девони Аҳмади Дониш аз 60 варақ иборат буда, моҳи октябри соли 1880 дар Бухорои Шариф аз сӯи котибе ба номи Абдулҳафиз бо хати настаълиқи Бухорову коғази дастсохти Хӯқанд китобат шудааст ва ашъор аз ғазалҳо, қасидаи муноҷот бо санъати ширу шакар, мухаммасҳои худи муаллиф бар ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Имлои Бухороӣ, Ҷомӣ, Носир иборатанд.

"Дар истинсохи нусха, мутаассифона, котиб ба баъзе хатову иштибоҳоти имловӣ ва арӯзӣ роҳ додааст, вожаҳоеро низ нохудогоҳ сарфи назар кардааст, ки ин ҳама ҷузъӣ буда, бар асолат ва арзиши умумии дастнавис осебе намерасонад", - навиштааст Файзхоҷа Маҳмудов.

Коршиноси ӯзбекистонӣ мегӯяд, кашфи девони ашъори Аҳмади Дониш бар овозаву шоеаҳое, ки гӯё ӯ шеър наменавишта ва девоне ҳам надоштааст, нуқта мегузорад ва дарҳои нави таҳқиқотро бар мабнои осори назмии Аҳмад Махдум ба рӯйи муҳаққиқин боз хоҳад кард.

Аҳмади Дониш (1827—1897) олим, нависанда, маорифпарвар, файласуф, мутафаккир ва шоири тоҷик аст, ки дар замони салтанати манғитиҳо зиндагӣ карда, арбоби давлатии Аморати Бухоро низ будааст.

513
Барчаспҳо:
Аҳмади Дониш, девон, Тошканд