Празднование Курбан-байрама в Санкт-Петербурге

Муфтии Маскав ба мусалмонон: дар ҳар ҷо намоз нагузоред

361
(Таҷдидшуда 16:15 20.02.2020)
Муфтии Маскав аз мусалмонон даъват кард, ки ошкоро ва дар маконҳои серодам намоз нагузоранд ва ба мардуми атрофро эҳтиром кунанд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Муфтии Масккав Илдар Аляутдинов ба масулмонон тавсия дод, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ намоз нагузоранд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ӯ тавсия дод, ки макони намозгузории ҳаррӯзаро "бо дарназардошти воқеъият ва сарқонуни кишвар" интихоб намоянд, то ба дигарон халал нашавад.

Чунин изҳороти муфтӣ дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе, ки дар он ҷавонони мусалмон, дар паси хонае намоз мегузоранд.

Аксро сокини ноҳияи Новогиреево нашр кардааст. Дар шарҳи ин акс ӯ навиштааст, ки ҳар рӯз ин ҷавонон ба паси "Макдоналдси худӣ" рафта намоз мегузоранд, ки шаҳрвадонро бисёр халадор мекунанд, вале мақомот ба ин кор чорае намеандешад.

То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Ин акс миёни корбарони интернет баҳси гармеро барпо кард. Аксари корбаронро интихоби макони намозгузорӣ ба ғазаб меовард.

Дар шарҳи ин акс муфтӣ қайд кард, ки мусалмонон набояд дар пеши издиҳом "намоишкорона" намоз гузоранд ва бо ин корашон  боиси нороҳатии сокинон шаванд.

Дар баробари ин Аляутдинов қайд мекунад, ки панҷ вақт гузоштани намоз аз уҳдадориҳои ҳаррӯзаи ҳар мусалмон мебошад. Сарфи назар аз макони мусалмон ӯ бояд дар вақти зарурӣ намоз гузорад ва мардум бояд ба ин чиз эҳтиром гузоранд.

Абдулқодирзода: мо барои он хору залил шудем, ки аз илм рӯ гардонидем

"Раҳмати Худо ин аст, ки мо макони зиёд дорем, мамлакати мо бузург аст. Ва макони намозгузориро бидуни ба қаҳр овардани атрофиён мешавад, ёфт", - гуфт муфтӣ.

Дар баробари ин муфтӣ мегӯяд, аслан нофаҳмӣ миёни намояндагони динҳои гуногун дар ҳоле пайдо мешавад, ки онҳо аз таҷрибаи динни якдигар бехабарнд.

361
Барчаспҳо:
намоз, мусалмонон, Маскав, муфтӣ
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Фавти 10 мариз дар як рӯз: теъдоди қурбониёни COVID - 19 дар Қирғизистон ба 88 нафар расид

131
Дар Қирғизистон теъдоди қурбониёни коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 10 дардманди коронавирус ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 10 нафар аз маризони коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ.

Бар хабари манбаъ, дар шаҳри Бишкек аз ин беморӣ ду нафар, ду мард ва ду зан фавтиданд. Синну соли 10 қурбонии ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон аз 35 то 81 - сола гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо илова шудани 10 мавриди нав, шумораи умумии қурбониёни вируси COVID - 19  дар ин кишвар ба 88 нафар баробар шуд.

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Ёдовар мешавем, рӯзи ҷумъа низ дар Қирғизистон бар асари маризии коронавирус 10 бемор ҷон бохтанд ва 506 нафари дигар тоза ба ин маризӣ гирифтор шуданд.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, феълан дар дармонгоҳҳои Қирғизистон 638 мариз қарор доранд, ки 99 бемор дар ҳолати вазнин буда, ҳамчунин 19 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Гузашта аз ин, ҳудуди 3 398 нафари дигар, ки бидуни аломат мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шуданд.

131
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Террористы в Афганистане. Архивное фото

"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

626
(Таҷдидшуда 15:30 04.07.2020)
Мақомот ва неруҳои амниятии Афғонистон хабари ҳамлаи Толибон аз қаламрави Туркманистонро таъйид ё такзиб накарданд. Коршиносон мегӯянд, Туркманистон бар аъмоли Толибон чашмпӯшӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Муҳандис Аҳмад, вулусволи Хумоби вилояти Ҷузҷон, ки дар марз бо Туркманистон ҷойгир аст, ба Sputnik Тоҷикистон ҳамлаи сангини Толибонро таъйид кард, аммо аз ин суол, ки оё ин ҳамла аз қаламрави Туркманистон анҷом шудааст, турфа рафт.

"Ду рӯз ҷангҳои шадид дар вулусволии Хумоб идома дошт. Толибон аз неруҳои давлатӣ ва хезиши мардумӣ шикасти сангин дида, ба ҷониби вулусволии Оқча ақибнишинӣ карданд. Ҳоло дар вулусволии Хумоб, ки бо Туркманистон марзи муштарак дорад, ягон толиб ҳузур надорад", - гуфт Муҳандис Аҳмад.

Қаблан Мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, раиси Шӯрои вилоятӣ, ҳамзамон волии ҳанӯз таъйиднашудаи Ҷузҷон, ки аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъйин шудааст, ба расонаҳо гуфта буд, ки шаби панҷшанбеи гузашта, 25 июн, толибҳои мусаллаҳ аз тариқи дарёи Ому аз кишвари Туркманистон худашонро ба вилояти Ҷузҷон расонида, бар пойгоҳи Урдуи миллӣ дар соҳаи Чуплитеппаи вулусволии Хумоб ҳамла намуданд.

"Бино ба иттилое, ки ба мо расидааст, дар ҷараёни даргириҳо 7 сарбози артиш шаҳид, 10 сарбози дигар, ҳамчунин Ҳайвод-паҳлавон, як фармондеҳи хезишҳои мардумии маҳал захмӣ шудаанд”, - гуфт Абдулҳай Ҳаёт. Дар тафсири ин хабар Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон низ ба Sputnik Тоҷикистон маҳз ин нуктаро, ки Толибон аз Туркманистон ҳамла кардаанд, шарҳ надод.

Вай гуфт, воқеан, дар рустои Чуплитеппаи вулусволии Хумоби вилояти Ҷузҷон миёни нируҳои дифоъӣ – амниятӣ ва ҳаросафганони толиб як бархӯрд ба миён омада, талафоте ҳам ба миён гузошт. “Дар ин даргирӣ 4 толиб кушта ва 3 тан дигар аз аъзои Толибон ҳамроҳ бо таҷҳизот ҷангиашон асири нируҳои амниятӣ амниятӣ гардиданд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хос ё коммандои вазорати дифоъи Афғонистон аст, ки бори аслии ҷангҳо бо созмонҳои мамнӯъи Толибон, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимоли Афғонистон – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро ба зимма дорад. Арзиши хабар Дар ҳамин ҳол, худдории мақомот шакку гумонро дар ин бора, ки Толибон аз қаламрави Туркманистон ҳамла кардаанд, меафзояд, зеро ин аввалин мавриди ҳамлаи онҳо аз марзҳои Осиёи Марказӣ ба хоки Афғонистон тайи беш аз 25 соли ҳузури онҳо дар саҳнаи сиёсиву низомии минтақа буда метавонад.

Тайи ин ҳама солҳо ҳукуматҳо ва нерӯҳои зиддитолиб ҳамеша ангушти иттиҳом ба сӯи Покистон, ҳамсояи ҷанубии худ мекарданд, ки Толибонро омода карда, аз марзҳои худ барои анҷоми амалиёт ба Афғонистон мефиристад. Мурод Шарифӣ, коршиносе, ки худ зодаи Ҷузҷон аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аслан Толибон аз ҷазираҳои дарёие ҳамла кардаанд, ки маълум нест ба Афғонистон тааллуқ доранд, ё Туркманистон.

"Ин ҷазираҳо дар пайи тағйири маҷро кардани дарёи Ому ба вуҷуд омадаанд ва маълум аст, ки Туркманистон дар онҳо тасаллут надорад. Ҳамчунин ҷазираҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ вуҷуд доранд. Аммо убур ба онҳо танҳо аз соҳаи таҳти назорати давлати Афғонистон имкон дорад. Ҳоло суол ҳам ин аст, ки онҳо бо 200 – 300 ҷангӣ чӣ тавр худро ба ин ҷазираҳо расондаанд?", - гуфт Мурод Шарифӣ.

Ин коршинос мегӯяд, эҳтимолан мақомоти Афғонистон дар ин мавзӯъ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, чун дар гузашта борҳо шуда, ки сарбозони ҳукуматӣ дар ҷангҳо аз дасти Толибон ба танг омада, дар марзи Туркманистон паноҳ бурдаанд ва аз сӯи дигар, намехоҳанд як ҷанҷоли байнулмилалиро доман зананд.

Аммо Раззоқи Момун, коршиноси муқими Австралия, мегӯяд, Толибон ва Туркманистон ҳанӯз аз солҳои 90 – ум робитаи танготанг доранд.

"Туркманистон ягона кишвари шимол буд, ки амалан ҳукумати Толибонро пазируфта, бо он, қабл аз ҳама, ба хотири лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд) ҳамкорӣ мекард. Аз сӯи дигар, Толибон пас аз имзои созишнома бо Амрико машрӯъият пайдо карданд ва кишварҳои минтақа онҳоро як шарики ояндаи худ арзёбӣ мекунанд. Аз ин хотир, барои наранҷонидани Туркманистон, ки бо ҳукумати Кобул дар заминаи барқу маводи сӯхт ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ дорад, ба ин ҳаводиси хурд чашм мепӯшад. Дар умум, Туркманистон ҳам ҳеҷ гоҳ бо ҳукуматҳои Кобул хусумат надошт ва ин қабил ҳаводис ҳеҷ гоҳ равобити ду кишварро тира намекунанд”, - гуфт Раззоқи Момун.

Расонаҳои расмии Туркманистон то ба ҳол дар мавриди ин воқеа сукут карданд. Онҳо низ иддаоҳои мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистонро нодида мегиранд. Ба назар мерасад, ҳама бар инанд, ки салоҳи кор барои ҳама ҳамин аст.

626
Барчаспҳо:
ҳуҷум, Туркманистон, Афғонистон
Врач в клинике

Омори ноҳияи Ашт: 74 шифоёфтаву 4 фавт аз 82 гирифтори “илтиҳоби шуш”

0
(Таҷдидшуда 19:28 05.07.2020)
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории “илтиҳоби шуш” ба Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт, аз сафари Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода, ёвари Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ин ноҳия хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, Ҳикматуллозода, рӯзи 4-уми июл ба ноҳияи Ашт сафар карда, бо нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шинос шудааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, ба ёрдамчии Президент дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия гузориш додааст.

“Аз санаи 29 апрели соли равон то имрӯз ба беморхонаи марказии ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 82 нафар сокинони ноҳия бистарӣ шуда, 74 нафар сиҳат ёфтанд. 4 нафар сокинони ноҳия (аз ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Понғоз) аз ин беморӣ фавтидаанд. Айни ҳол дар беморхона 4 нафар табобат гирифта истодаанд”, - иттилоъ додааст Ҷалилӣ.

Ноиби раиси Ашт таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Ашт, дар маҷмӯъ барои табобати беморони сироятӣ 110 кат омода шудааст ва ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия бо маводи безараргардонӣ, либоси худмуҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводи зарурии беҳдоштӣ таъмин мебошанд.

Ёрдамчии Президент вазъи эпидемиологии ноҳияро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, аммо таъкид кардааст, ки набояд аз ин вазъ қонеъ шуд, балки ба ҳама гуна пешомадҳо омода бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 4-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6159 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
фавт, бемор, Тоҷикистон