Нахустин мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон сиҳат мешаванд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкУсиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом
Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар табобатхонаҳои кишвар барои ташхис ва табобати коронаирус ҳамагуна шароит муҳайё аст, гуфт сардухтури санитарии Ӯзбекистон

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Нахустин мубталоёни вируси навъи COVID-19 дар Ӯзбекистон сиҳат шуда истодаанд, изҳор дошт мудири Ожонси эпидемиологии Ӯзбекистон Баҳром Алматов. Дар ин бора Spunik Ӯзбекистон бо такя ба телеграми ситоди назди девони вазирон, хабар медиҳад.

"Аввалин дардмандони коронавирус сиҳат мешаванд, онҳо худро хуб эҳсос мекунанд", - гуфт Алматов.

Вазъияти дигар мубталоёни коронавирус дар ҳоли ҳозир "мӯътадил" арзёбӣ мешавад.

Бахром Алматов - Sputnik Тоҷикистон
Сардухтури санитарии Ӯзбекистон дар бораи нафари мубталои коронавирус гуфт

Мудири Ожонс илова кард, ки дар табобатхонаҳои кишвар барои ташхис ва табобати коронаирус ҳамагуна шароит муҳайё аст.

Дастури Мирзиёев барои овардани табибони Чин ба Ӯзбекистон

Бино ба додаҳои охир феълан дар Ӯзбекистон 33 кас мубталои коронавирус аст.

Ёдрас мешавем, ки дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Ӯзбекистон, парвозҳо самти дигар кишварҳо мутаваққиф шуд ва ин маҳдудиятҳо то 30 - юми апрели соли равон идома хоҳанд кард.

Ҳукумати Ӯзбекистон маҳдудияти парвозҳоро аз 16 - уми март ҷорӣ кард ва акнун барои вуруди ӯзбекистониҳо аз дигар кишварҳо парвозҳои чартерӣ роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, вурудшавандаҳо ба муддати ду ҳафта ҳатман ба карантин фаро гирифта мешаванд. Феълан дар марказҳои махсуси нигаҳдорӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар дар карантин қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0