Санитарный контроль в связи с коронавирусом

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Маскав меоянд, ба карантин фаро гирифта мешаванд

446
(Таҷдидшуда 14:13 21.03.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи хатсайрҳои вижа аз Маскав ба кишвар бурда мешаванд, зери назорати пизишкон қарор мегиранд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Маскав ба Душанбе интиқол дода мешаванд, бояд 14 рӯз ба карантин фаро гирифта шаванд, хабар доданд ба Sputnik ТОҷикистон аз хадамоти матбуотии фурудгоҳи Душанбе.

"Ҳамаи мусофироне, ки аз Маскав ва Дубай ба Душанбе оварда мешаванд, дарҳол ба карантин фиристода мешаванд", - гуфт сухангӯи фурудгоҳи Душанбе, Ҷамила Ҳусейнова.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 20 март аз Душанбе ба Маскав ду ҳавопаймои ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон, парвоз карданд.

Сафир дар бораи тоҷикони дар "Шереметево" дармонда: гуфтушунид идома дорад

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" соати 14.00 ба фурудгоҳи Домодедово парвоз кард ва аз он ҷо 161 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Душанбе интиқол медиҳад.

Соати 22.30 дақиқа, ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" ба фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав парвоз анҷом дода, бо 195 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад.

Ҳамчунин бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии "Fly Dubay" соати 4:30 дақиқаи субҳи 21-уми март 150 нафар шаҳрванди тоҷикро аз шаҳри Дубайи АМА ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мерасонад.

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Вазъият пурра зери назорати президенти ТОҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

446
Барчаспҳо:
парвоз, вирус, Тоҷикистон, Русия