Медицинский работник делает тест на вирус

Аз 241 ба 263: сабти 22 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон

1329
(Таҷдидшуда 18:52 04.04.2020)
Теъдоди умумии гирифторони маризии сироятии коронавирус дар Ӯзбекистон ба 263 нафар расид. Чанде қабл аз ошкор шудани 22 ҳолати дигар гузориш дода шуд

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Бо сабт шудани 22 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон, теъдоди умумии маризон ба 263 нафар расид, хабар медиҳад ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо коронавирус.

Манбаъ меафзояд, дар Ӯзбекистон то имрӯз 25 маризи коронавирус комилан сиҳат шуда, ҳамзамон ду дардманд ҷон аз даст доданд.

Зуҳури ин маризӣ дар ин кишвар аз 15 - уми марти соли ҷорӣ сар шуд. Замоне, ки як узбекистонӣ бо аломатҳои вируси COVID-19 аз Фаронса озими ватан шуд.

Омодагии Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус: тадобир пурзӯртар мешавад

Ба маълумоти Вазорати беҳдлошти Ӯзбекистон, феълан 100 ҳазор шаҳрванд ба қарантин фаро гирифта шуданд, ки аз ин миён 23 ҳазор нафар дар муассисаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11- уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин маризиро пандемия эълон намуд. Бар тибқи маълумоти ахири созмони мазкур, дар ҷаҳон наздики ним миллион нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд, ки 50 ҳазор нафар бар асари гирифторшавӣ ба ҳалокат расиданд.

1329
Барчаспҳо:
маризӣ, Узбакистон
Молодожены держатся за руки

Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад

1229
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди баргузории маросими издивоҷ қарори навбатӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун қарантин, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус эълон гардида буд, сабуктар мешавад. Сабук гардидани маҳдудиятҳо аз 15 - уми август шурӯъ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо сабук шудани маҳдудиятҳо, фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, кори боғча, лагерҳои кӯдакона, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин пляжҳо аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, бо қарори Мирзиёев ба баргузории маросими издивоҷ низ тағйироти нав шомил шуд.

Ҳамакнун, маросими арӯсӣ дар ин кишвар на дар тарабхона, балки дар хонаи издивоҷкунандаҳо ва ё дар ҳавлии онҳо баргузор мешавад.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Инчунин, теъдоди меҳмонон низ набояд аз 30 нафар бештар бошад.

Қаблан, гузоришҳо дар мавриди мубтало шудани теъдоди зиёди одамон, ки дар маросими арӯсӣ дар Ӯзбекистон иштирок карданд, нашр гардида буд.

Ҳатто дар як маросими хонадоршавӣ, наварӯс пас аз маросими издивоҷ гирифтори коронавирус шуд.

Дар Тоҷикистон низ айнан чунин тартибот дар маросими хонадоршавӣ ҷорист. Агар қаблан баргузор кардани тӯй бо ҳузури 100 нафар иҷозат дода шуд, баъдан теъдоди меҳмононро то 40 нафар коҳиш доданд.

1229
Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

583
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

583
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

0
(Таҷдидшуда 19:25 13.08.2020)
Ҳукумати Русия мавзӯъи сабукиҳои эҳтимолии навбатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тамдиди патентро баррасӣ хоҳад кард

Душанбе, 13 август - Sputnik. Дар ҷаласаи раисони Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди патенти муҳоҷирини корӣ ва таҷдиди парвозҳо гуфтугӯ карданд.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

Дар брифинги матбуотие, ки пас аз ин ҷаласа баргузор шуд, муовини нахуствазири Русия дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон гуфт, дар тӯли пандемияи “вируси корона” дар Русия барои муҳоҷирин пардохти ҳаққи патент лағв шуд.

"Муҳлати аввали лағв то 15 июн таъйин шуда буд, аммо пандемия поён наёфт, аз ин хотир, тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад. Ҳоло ин мавзуъ баррасӣ мешавад, ки ин муҳлат пас аз 15 сентябр низ дигарбора тамдид шавад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст", - гуфт Алексей Оверчук.

Дар мавриди таҷдиди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия мавсуф гуфт, талоши кишвараш бар ин аст, ки парвозҳои муназзам бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро, тавре ки то замони пандемия буд, ба роҳ монад.

"Мо қабл аз ҳама вазъи сироятии кишварҳоро меомӯзем. Ҳоло мо бо се кишвар – Бритония, Туркия ва Танзания парвозҳоро барқарор кардем. Аз 15 август қарор аст парвозҳо ба Шветсария аз сар гирифта шаванд. Мебинем, ки дар Тоҷикистон низ раванди мусбате ҷараён дорад. Ҳоло талош мекунем, ки бо ин кишвар низ бо пеш омадани имкон парвозҳоро ба роҳ монем", - гуфт Алексей Оверчук.

Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи март ба ин сӯ қатъ шудаанд. Дар ин миён Русия 23 парвозро ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон анҷом додааст. Тоҷикистон низ ҳамарӯза ду парвози чартериро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад.

0