Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Чоряки мубталоёни коронавирус дар Русия ҳеҷ нишонае надоранд

1281
(Таҷдидшуда 14:58 05.04.2020)
Бидуни нишона бадани сироятшуда қобилияти муқобилат нишон доданро аз даст медиҳад ва масъуният ҳосил намекунад, гуфт раҳбари Роспотребнадзор Анна Попова

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тақрибан 25 дарсади сироятшудагони коронавирус дар Русия ҳнҷ нишонае надоранд, изҳор дошт раҳбари Роспотребнадзора Анна Попова.

Ба ин нигоҳ накарда ҳамаи беморони коронавирус барандаи ин беморӣ ба ҳисоб мераванд.

Фавти 9 мубталои коронавирус дар як шабонарӯз дар Русия

Ба гуфти Попова Бидуни нишона бадани сироятшуда қобилияти муқобилат нишон доданро аз даст медиҳад ва масъуният ҳосил намекунад.

Дар баробари ин ӯ қайд мекунад, ки як бемор метаовнад се каси дигарро сироят кунад.

Дар Маскав 3,9 ҳазор кас мубталои коронавирус шуд

Попова афзуд, ки ҳар рӯз дар Русия аз 34 то 37 бемор аз ташхиси коронавирус гузаронида мешавад. Ӯ ваъда дод, ки дар оянда шумораи тестҳоро зиёд хоҳанд кард.

Бино ба гузориши ахир дар Русия 4,7 ҳазор кас мубталои коронавирус аст. Аз ин ҳисоб 43 кас дар паи беморӣ ҷон бохта 333 нафар шифо ёфтанд.

1281
Барчаспҳо:
нишона, вирус, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

126
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

126
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

175
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

175
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом

Аз хона набароед: 45 гурӯҳи кории Рустами Эмомалӣ дар мубориза бо коронавирус

0
Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомот ва волонтёрон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки безарурат ба кӯча набароянд, ниқоби тиббӣ пӯшанд ва фосиларо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нигоҳ доранд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бо дастури шаҳрдори Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус 45 гурӯҳи корӣ ташкил гардид, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳ аз намояндагони мақомот ва волонтёрон иборат аст. 

Гурӯҳ  миёни аҳолӣ - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташвиқот мебарад.

Дар маҷмӯъ, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ иборат аз 235 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ташкил шуда, ба маҳаллҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардидаанд.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали кори гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар чор ноҳияи пойтахт дар маҷмӯъ бо 1790 нафар аҳолӣ-намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва бозору марказҳои савдо бе ниқобҳои яккарата гашту гузор мекарданд, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.

В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом

Ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус - COVID-19 маслиҳат дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои гурӯҳ рӯзи нахустини фаъолият - 2 июни соли ҷорӣ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 1790 нафар шаҳрвандон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва маводи таблиғотӣ - тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва мутахассисони кишварро оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 тақдим карданд.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки масъалаҳои истифодаи ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептик) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.

0