ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар шароити қарантинаи сартосарӣ ба президенти Русия Владимир Путин суҳбати зинда бо мардум намерасад, иқрор шуд сухангӯи президент Дмитрий Песков дар барномаи "Москва, Кремл, Путин" - и шабакаи "Россия 1".
Песков қайд кард, ки Путин пазмони суҳбати зинда бо мардум шудааст.
"Ман бовар дорам, ки пазмон шудааст. Барои ӯ суҳбат бо мардум дар фаъолияташ дар мадди аввал аст. Ӯ аз суҳбат бо мардум воқеиятро пайдо мекунад", - гуфт ӯ.
Дар баробари ин сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, кори Владимир Путин ба маротиб бештар шудааст.
"Маҳдуд будани суҳбати мустақим ба фаъолияти Путин ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намекунад. Кори Путин дар қиёс бо рӯзҳои маъмулӣ бештар шудааст", - қайд кард сухангӯи президент.
Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.
Гирифторони коронавирус чигуна ҷон медиҳанд - посухи пизишк аз Қирғизистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро 11 марти соли равон пандемия эълом кард.
Тибқи омори ахир, то 9 апрел беш аз 1,87 миллион кас дар 210 кишвари ҷаҳон аз коронавирус сироят шудааст. Беш аз 109 ҳазор нафар ҷон бохта, пизишкон 337,1 беморро табобат карданд.
Дар Русия то имрӯз 15 ҳазору 770 кас гирифтори коронавирус шудааст. Вируси нав ҷони 130 касро гирифт.
Ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус президенти ин кишвар Владимир Путин сар аз 28 март то 30 апрелро рӯзҳои таътил эълом кард.
Феълан дар Маскав қарантина эълом шудааст.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.
Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.
Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.
"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.
Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.
Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.
Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.
"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон
Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.
Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.
Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти нерӯи барқ ба Афғонистони ҳамсояро афзоиш диҳад, хабар медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.
Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқ содир кунад.
Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ҳама чиз аз ҷараёни об дар дарёи Вахш, ки иншооти асосии тавлидкунандаи кишвар дар он ҷойгир аст, вобаста хоҳад буд.
"Агар захираҳои обӣ расанд, ба кишварҳои ҳамсоя содироти беш аз 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқ имконпазир аст. Қарор аст, ки дар мавсими тобистон миқдори зиёди нерӯи барқ интиқол дода шавад", - омадааст дар иттилоия.
Қайд карда мешавад, ки содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард кВт / соат пешбинӣ шудааст.
Инчунин, ҳаҷми таъминот барои Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.
Бахши энержӣ афзудааст, ки арзиши ҳар киловатт энержӣ барои Афғонистон дар соли гузашта 4,5 сент буд. Имсол ин нишондод 3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 1,53 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ба маблағи беш аз 55,4 миллион доллар содир карда шуд.
Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо
Ин рақам нисбат ба соли 2019 тақрибан 1,4 миллиард кВт / соат камтар аст. Ин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта сатҳи обанбори Норак якбора - 17 метр коҳиш ёфт. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки захира беш аз 1,5 километри мукааб кам шудааст, яъне ҳафтяки ҳаҷми обанбор.
Аз ин сабаб, истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт ва барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ, мақомот маҷбур буданд аз содирот ба кишварҳои ҳамсоя даст кашанд.
Қаблан, ширкати энержии Афғонистон аз Барқи Тоҷик дархост карда буд, ки дар чор моҳ нархи нерӯи барқро коҳиш диҳад.
Душанбе ва Кобул дар бораи интиқоли барқ 20 июни соли 2008 созишнома имзо карданд.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои Исломиддин Раҳмон, соли гузашта нақшаи даромади буҷаи ноҳия барзиёд иҷро шуда, ба ҷои 144,1 миллион ба буҷа 160,6 миллион сомонӣ ворид шуд.
Раиси ноҳия дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумхурият” аз сармоягузории давлатию хориҷӣ дар Данғара гуфта, иттилоъ додааст, ки то имрӯз беш аз 1 миллиарду 155 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Инчунин манбаъ зикр кардааст, дар ноҳия 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи истифодашуда 33,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 -ум 119 лоиҳаро ба маблағи 685,6 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1 декабри соли гузашта 60 лоиҳа ба маблағи 478,9 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст”, - иттилоъ додаст Исломиддин Раҳмон.
Манбаъ афзудааст, ки ҳоло дар ноҳия 38 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, то 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ боз 4 корхонаи саноатӣ фаъол мешаванд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тайи соли 2020 дар ноҳия муодили 1 миллиарду 196 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, заминҳои паҳновари Данғараро захираи тиллоии Тоҷикистон хонда, таъкид намуд, ки танҳо одам даркор, ки ин заминро истифода барад.