Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото

Расонаҳо: Қазоқистон ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Тоҷикистонро мамнӯъ кард

505
(Таҷдидшуда 19:53 14.04.2020)
Иттиҳодияи кормандони ҳамлу нақли Қазоқистон аз мамнӯи ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Точикистон ва Туркманистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Хабаргузории "Парс тудэй" дар интинод ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки Қазоқистон ҳаракати васоили нақлиётӣ ба Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст.

Ҳукумати Қазоқистон тасмими мамнуияти ҳаракати васоили нақлиётӣ ба чанд кишвар, аз чумла Тоҷикистон ва Туркманистонро гирифтааст, менависад манбаъ.

"Ин мамнуият шомили худравҳои шахсӣ ва мусофирони Точикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мешавад, ки акнун транзити ин васоили нақлия ва шаҳрвандони хориҷӣ низ мумкин нест", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ба гуфтаи коршиносон ин иқдоми ҳукумати Қазоқистон, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюи вируси карона андешида шудааст, метавонад ба иқтисоди Точикистон хасороти фаровон ворид созад , зеро умдаи транзити маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад.

Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон орд медиҳад: азму нигарониҳо дар суҳбати Раҳмон бо Тоқаев

Аз сўи дигар, бахши умдаи воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ва соири кишварҳо низ аз қаламрави Қазоқистон анҷом мешавад, ки метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон хасароти фаровон ворид намояд.   

505
Такси, архивное фото

Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

2885
(Таҷдидшуда 11:47 30.05.2020)
Ба телефони ҳамроҳи ронандаи таксӣ дар Маскав номаҳои ҳаргуна меомаданд, аввал ӯ фикр кард, ки касе ӯро аҳмақ мекунад

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ронандаи таксӣ дар Маскав Дмитрий Филин тоҷикдухтари 24-соларо аз дасти таҷовузгарон наҷот дод, нақл мекунад нашриёти "Метро".

Бомдод барои ронандаи таксӣ чун ҳамешагӣ бо қабули фармоиш оғоз шуд. Ӯ соати 4-и саҳар фармоиш гирифту ба ҷои муқарраршуда ҳаракат кард.

Ронанда даррав безобита шуд, чун дар баробари фармоиш ба ӯ номаҳои зиёде мемомад, вале ҳатто дар сурати холӣ будани роҳҳо Дмитрий дар навбати аввал таваҷҷӯҳи худро ба роҳ банд мекунад.

"Ин духтар аз ман ёрӣ мехост, дар аввал ман нафаҳмидам ӯ чӣ мехоҳад. Баъд ӯ пурсид, оё ман номаҳоро мехонам ё не. Баъд навишт: "Маро дар ин ҷо ба зӯрӣ нигоҳ медоранд ба ҳамин суроға милисаҳоро ҷеғ занед". Ман худам пас аз 5 дақиқа аллакай дар ҷои ҳодиса шудам", - нақл мекунад Дмитрий.

Мувофиқи суроғаи таъкидшуда ронанда ба истгоҳи мошинҳои зери маркази савдо дар Троитск расид, вале духтарро он ҷо наёфт ва боз ба чат таваҷҷӯҳ кард, то суроғаро санҷад.

"Ман суроғаро намедонам, намедонам дар куҷоям, илтимос ба милисаҳо занг занед", - навишта буд ӯ. Мумкин ӯ дар ҷое худро пинҳон карда буд, чун бисёр зуд ба номаҳо ҷавоб менавишт. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар суроғаи ту фақат мағозае аён аст. Пасон ӯ дар бораи кадом муҳоҷирону вагонҳову сохтмонҳо нақл кард. Ӯ боз ба ман навишт - "Ман тоҷикам". Вақте ӯ гуфт "Маро таҷовуз мекунанд", - фаҳмидам кӣ кор ҷиддист.

Дмитрий ҳамон лаҳза ба мақомоти пулис муроиҷат кард ва ҳамаи номаҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт, вале пас аз чанде номаҳо дастнорас шуданду фақат доду войи духтар шунида мешуд. Мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.

Баъди як соат милисаҳо ба ронанда занг зада гуфтаанд, ки гунаҳкорон дастгир шуданду духтар наҷот ёфт. 

"Ман ба эҳсосот дода нашудам. Коре кардам, ки ҳар кас ҳам дар ҷоям мебуд, анҷом медод. Ва вақте, ки ба ман гуфтанд духтар дар амон аст, ман ба корам идома додам", - гуфт Дмитрий.

Дар ширкате, ки Дмитрий Филин кор мекунад, гуфтанд "чунин ронандаҳо қаҳрамонанд" ва ваъда доданд, ки ба ӯ мукофот хоҳанд дод.

2885
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, таҷовуз, наҷотдиҳӣ, Маскав

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

157
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

157
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон
Пограничная вышка, архивное фото

Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

0
(Таҷдидшуда 17:15 30.05.2020)
Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти намояндагони ду кишвар ҳосил шуда, вале мутаассифона, ҳанӯз иҷроӣ нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар се даҳаи музокираи марзии муштараки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон 38 бор намояндагони ҳукумат, 48 маротаба гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва 21 бор гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар аломатгузории муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 24-уми май дар Рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон дар марз тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сар зад, ки дар он сарбози қатории нереуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд.

Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду кишвар солҳои сол аст, ки наметавонанд  сари ин масъала ба тавофуқ расанд ва ба ин муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва баъзан ба хунрезӣ мубадал мегардад.

 

0
Барчаспҳо:
хатти марз, аломатгузорӣ, тавофуқ, Қирғизистон, Тоҷикистон