Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, ҳафтаи оянда шумораи гирифторон якбора меафзояд

1246
Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев мегӯяд, эҳтимол ҳафтаи оянда шумораи гирифторони коронавирум якбора афзояд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қирғизистон ба нуқтаи авҷи маризии коронавирус наздик омадааст. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, ҳафтаи оянда теъдоди маризон якбора рӯ ба афзоиш мениҳад.

Масъули вазорати беҳдошт дар ин бора зимни нишасти хабари изҳори назар кард.

Афзоиши якбораи гирифторони коронавирус дар Русия тайи шабонарӯзи гузашта

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вақти сабук кардани режими хонашинӣ ва қарантин нест, чун Қирғизистон ҳоло нуқтаи баланди авҷи ин бемориро паси сар накардааст.

"Тибқи пешгӯиҳои пешакии мо, ҳафтаи оянда шояд сатҳи баландтарин ба қайд гирифта шавад. Шояд мо дар ин муддат шумораи зиёди дардмандонро ошкор кунем. Аммо одатан пас аз авҷи баландтарин, эпидемия рӯ ба коҳиш мениҳад.", - афзудааст муовини вазир.

Дар Қирғизистон 544 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт ардидааст, ки 48 ҳолати он шабонарӯзи гузашта сурат гирифтааст. Қаблан ҳукумати ин кишвар то санаи 15 - уми апрел қарантин эълон намуда буд. Вале чун вазъ беҳбуд наёфт, роҳбарияти ин кишвар дастур дод, ки мӯҳлати қарантин то 30 - юми апрел тамдид гардад.

 

 

 

 

1246
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, архивное фото

Тоқаев гуфт, Қазоқистон ба қуллаи авҷи коронавирус расид: "бояд ба мавҷи дуюм омода бошем"

371
(Таҷдидшуда 14:02 27.05.2020)
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев мегӯяд, кишвараш ба авҷи баландтарини маризии сироятии коронавирус расид ва онро паси сар кард. Аммо ӯ аз сар задани мавҷи дуюми ин беморӣ ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қазоқистон баландтарин авҷи маризии сироятии коронавирусро паси кард, изҳор дошт раисҷумҳури ин кишвар дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои миллии эътимоди мардум.

"Кишвари мо аз авҷи паҳншавии пандемия гузашт. Аммо мубориза бо эпидемия ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Эпидемия хатарнок аст. Коронавирус арзишҳои ҷаҳони муосирро ба таври назаррас тағйир додааст", - афзудааст Тоқаев.

Зимнан, раисҷумҳури Қазоқистон ёдовар шуд, ки қаблан ҳам аз бурузи мавҷи дуюми маризии сироятии коронавирус ҳушдор дода буд.

Ӯ дигарбора аз тамоми шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овард, то ба эҳтимоли авҷ гирифтани мавҷи дуюм дар Қазоқистон, ҳамаҷониба омода бошанд.

Дар Қазоқистон як зани садсола аз коронавирус шифо ёфт

То санаи 27 май танҳо дар Қазоқистон 9 304 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуд, ки аз он 4669 нафар шифо ёфта, 37 нафар ҷон доданд.

371
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Путин санаи таҷлили Рӯзи Пирӯзиро эълом кард

855
(Таҷдидшуда 18:11 26.05.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия 24 июн таҷлил мешавад. Маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро, 24 июн эълом кард.

"Фармон медиҳам, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз кунед", - гуфт ӯ зимни суҳбати видеоӣ бо вазири дифоъи кишвар.

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

Раҳбари кишвар ҳамчунин қайд кард, ки "Ҳанги ҷовидон" низ баргузор мешавад.

"Пешниҳод дорам, ки "Ҳанги ҷовидон" моҳе баъд 24 июл баргузор шавад. Ин Рӯзи қувваҳои обӣ мебошад". 

Вале, агар дар моҳҳои наздик хатари сироятшавӣ аз коронавирус чун имрӯз боқӣ монад, эҳтимол рӯзи баргузории "Ҳанги ҷовидон" ба таъхир меафтад.

855
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Рӯзи ғалаба, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2648
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2648
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон