Пациент с коронавирусом на насилках

Мақом ҳам кумак накард: муовини вазири тандурустии Қазоқистон гирифтори коронавирус шуд

1187
(Таҷдидшуда 03:30 24.04.2020)
Илжон Биртонов, вазири тандурустии Қазоқистон элон кардааст, ки Камолжон Нодиров, муовини вазири тандурустӣ ба коронавирус гирифтор шудааст

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Илжон Биртонов, вазири тандурустии Қазоқистон ахиран ба хабарнигорон эълон дошт, ки  муовинаш Камолжон Нодиров  мубтало ба коронавирус шуда, дар яке аз бемористонҳои кишвар бистарӣ шудааст, итттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Вай афзуд, барои тақвияти тими мубориза бо коронавирус дар шаҳри Алмаато қарор буд Камолжон Нодиров сарпарастии идораи тандурустии умумии ин шаҳрро бар уҳда бигирад, аммо мушаххас шуд вай мубтало ба коронавирус шудааст.

Вазири тандурустии Қазоқистон афзуд, Камолжон Нодиров, муовини ин вазоратхона дар пайи ибтило ба коронавирус аз ин симат барканор ва Людмила Бюрабекова ба унвони муовини ҷадиди вазири тандурустии ин кишвар таъйин шуд.

Бар асоси гузориши субҳи рӯзи чаҳоршанбеи Вазорати тандурустии Қазоқистон, теъдоди маҷмӯъи афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ду ҳазору 25 нафар аст, ки аз ин миён то ба ҳол 489 тан беҳбуд ёфта ва 19 нафар низ фавт кардаанд.

1187
Барчаспҳо:
вазир, гирифторон, тандурустӣ, вирус, муовини вазир, Қазоқистон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархӯр: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

1361
(Таҷдидшуда 17:24 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзи амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ, Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспии Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

1361
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон
Таджикская птицефабрика

Шуюи зукоми парандагон дар Қазоқистон

82
(Таҷдидшуда 14:45 20.09.2020)
Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зуком(Influenza)-и парандагон дар манотиқи мухталифи устони Қазоқистони шимолии ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зукоми парандагон дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ аз 9 то 16 сентябр марги анвои мухталифи парандагони хонагӣ сабт шуда, ки бар асоси таҳқиқоти Маркази миллии ташхис, иллати марги ин парандагон зукоми шадид будааст.

Қазоқистон мутобиқ бо қавонини тасвибшуда дар мавриди шуюи ин навъи беморӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошти ҳайвонот хабар додааст.

Тибқи гузориши вазорати кишоварзии Қазоқистон, Кумитаи контрол ва назорат бар домпзишкии ин кишвар ба сурати муваққат содироти мурғи зинда ва тухми мурғ, пари мурғ, гӯшти мурғ ва анвои маҳсулоти омодашуда аз парандагон, маводи ғизоии парандагон ва ҳамчунин таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва зибҳи ононро дар манотиқи олуда, мамнӯъ кардааст.

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

Қазоқистон ҳамчунин ба далели зукоми парандагон маҳдудиятҳои марзӣ бо Русия эъмол кардааст, аммо ба гуфтаи коршиносон ва донишмандон, ин беморӣ натанҳо аз тариқи содироти колоҳои муртабит, балки аз тариқи парандагони муҳоҷири ваҳшӣ низ метавонад густариш ёбад.

 

82
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

0
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, фавташро фоҷиа ва талафоти бузург барои илм хондаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

0
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон