Дар Алмаато сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус ба маротиб коҳиш ёфтааст

498
(Таҷдидшуда 16:49 25.04.2020)
Агар як ҳафта пеш сатҳи гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар Алмато 15,6 дарсад буд, вале акнун ин рақам ба 4 фисад баробар аст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik.  Дар Алмаато тӯли як ҳафта шумораи ҳодисаҳои нави сироятшавӣ ба коронавирусаз 15,6 дарсад ба 4% фисад коҳиш ёфтааст, хабар додааст сармутахассиси давлатии санитарии Алмаато Жандарбеек Бекшин дар як нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар қаламрави ин шаҳр 793 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки аллакай 90 дардманд шифо ёфта аз бемористон мураххас шуданд.

"Дар як рӯз 31 ҳодисаи нав ба қайд гирифта шуд. Агар сатҳи беморшавӣ дар аввали ҳафта 15,6% буд, ҳоло ин 4% аст. Мо пастшавии суръати сироятро мушоҳида мекунем" - афзудааст Бекшин.

Дар Қазоқистон савумин маризи коронавирус фавтид: 363 нафар дардманд ҳастанд

Инчунин, сардухтури санитарии Алмаато қайд кард, ки аз миёни 8590 нафаре, ки дар қарантини хонагӣ қарор дорагд, аломатҳои бурузи ин маризӣ ошкор нашудааст.

Аммо, Бекшин ёдовар шуд, ки сокинони шаҳр набояд бепарво шаванд. Азбаски дар байни кӯдакони то 14 сола 40 ҳодисаи нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин рӯ режими хонашинӣ бояд ҷиддан риоя шавад ва ҳамчунин қоидаҳои оддитарини покизагӣ риоя шаванд.

 

498
Барчаспҳо:
коҳиш, маризӣ, Алмаато
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (747)

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

257
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

257
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Пассажирский самолет

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

725
(Таҷдидшуда 13:34 28.09.2020)
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бо интишори эъломияе ба ширкати ҳавоии “Kam Air” ҳушдор додааст, ки агар то як ҳафта меҳмондорони зан ҳиҷоби исломиро риоят накунанд ва даст аз ороиш бар надоранд, ҳавопаймоҳои ин ширкатро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд дод ва масъуляти баъдӣ ба дӯши мудирияти “Kam Air” хоҳад буд на Толибон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Бино бар иттилои манбаъ, Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ҳамчунин гуфтаанд, ки меҳмондорони зан ҳақ надоранд бидун маҳрами шаръӣ вориди ҳавопаймо шаванд.

Дар эъломияи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) омадааст, ки тамоми ширкатҳои ҳавоӣ мукаллаф ба пайравии ин аҳком ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон дар ҳоле ин эъломияро содир кардаанд, ки музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар мутаваққиф шудааст ва тарафайн то кунун ба тавофуқе даст наёфтаанд.

725
Барчаспҳо:
ширкат, исломӣ, ҳушдор, ҳавопаймо, Толибон, Афғонистон
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон