Эҳтимоли авфи зиндониён дар Ӯзбекистон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол авф нисбати шумораи бештари зиндониён татбиқ хоҳад шуд. Он маҳбусоне озод карда мешаванд, ки худро ислоҳ кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Эҳтимол меравад, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати моҳи шарифи Рамазон қарор дар бораи авфро нисбати гурӯҳе аз зиндониён, имзо кунад, хабар медиҳад, Podrobno.uz.

Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар арафаи Иди Қурбон беш аз ҳазор зиндонӣ авф мешаванд

Президент гурӯҳи зиндониёнеро мебахшад, ки дар воқеъ ба ҷинояти содиркардаи худ иқрор шудаанд ва ҳамакнун худро ислоҳ кардаанд.

Дар баробари ин интизор меравад, ки имсол авф нисбати шумораи бештари зиндониён татбиқ шавад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Ӯзбекистон дар остонаи моҳи шарифи Рамазон 571 маҳбус бахшида шуд. Аз ин шумор 361 зиндонӣ пурра аз адои ҷазо озод гардид.

Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев дар остонаи ҷашни Наврӯз 44 зиндониро авф кард. 23 нафар аз авфшудагон онҳое буданд, ки ба ҷурми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ зиндонӣ шуда буданд.

Нахустин маротиба дар Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби раисиҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев қарори авф имзо шуд.

Лентаи хабарҳо
0