Вазъи вируси корона дар Эрон: беш аз 76 ҳазор нафар шифо ёфтанд

238
(Таҷдидшуда 18:51 01.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон ахиран эълон кард, ки то кунун 76 ҳазору 318 нафар аз мубталоён ба вируси корона беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон имрӯз ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки дар Эрон дар 24 соати ахир як ҳазору 6 бемори ҷадид бақайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Ҳамин тавр шумори умумии нафароне, ки то кунун дар Эрон ба вируси корона гирифтор шудаанд 95 ҳазору 646 нафар расидааст.

Ҳамчунин вай афзуд, ки дар 24 соати ахир фавти 63 нафар ба сабт шудааст.  Дар маҷмӯъ, фавт аз вируси корона дар Эрон ба 6 ҳазору 91 нафар расидааст.

15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 3 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 228 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз як миллион нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

238

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯбекистон аз 3,5 ҳазор гузашт

180
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба маризии коронавирус омори нав нашр намуд. Бар тибқи маълумоти вазорат шумораи умумии беморон аз 3,5 ҳазор ҳам бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи дардмандони маризии коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои вазорат, дар давоми як рӯзи охир дар Ӯзбекистон 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

"То 31 май шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3554 нафар баробар шудаастнафар аст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

180
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Узбакистон
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

235
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

235
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:23 31.05.2020)
Рӯзи якуми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон қайд мешавад. Ҳамчуниндар Тунис Рӯзи Конститутсия ва дар Муғулистон Рӯзи модару кӯдак таҷлил мешавад

Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.

Насилие, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Насилие, архивное фото

Соли 1869 бақайдгирандаи электронии  овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.

Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.

Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.

Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо карданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

День 31 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Cоли 2014 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи "15-солагии истиқлоли Тоҷикистон", ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб"  баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.

Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.

Моли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн

  • Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон.
  • Дар Самоа —  Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.
  • Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.
  • Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон